Бо мақсади фарогирии фазои иттилоотии ҳизбӣ

 

Бо мақсади фарогирии фазои иттилоотии ҳизбӣ; тақвияти мавқеи матбуоти даврии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ аъзоён ва ҷонибдорони кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии шаҳр обунаи шахсӣ, дастаҷамъона ва идоравии рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”-ро бомуваффақият ташкил намуданд.

Ситоди Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба обунаи рӯзномаҳои ҳизбӣ ба ташкилотҳои ибтидоии кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар беморхонаи марказии шаҳр барои ташкили обуна ба рӯзномаҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” арзи сипос менамояд.

 

Ситоди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ

оид ба обунаи рӯзномаҳои

“Минбари халқ”  ва “Сухани халқ”