Мурдорҳои сиёсӣ ё худ иғвои навбатии ТТЭ ҲНИ

Иғвои навбатии Ташкилоти терорристӣ экстремистии  ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Дортмунди Германия натиҷае ба бор наовард. Бар акси интизориҳои Кабирӣ ва хоҷагони бурунмарзиаш ин ҷамъомади хонаводагӣ ва қабилавӣ ба аҳли олам чеҳраи манфур, хиёнатгар ва душмани миллату давлати тоҷикон будани Кабириву пайравонашро  бори дигар  возеҳу равшан намуд. Аён шуд, ки аз Кабириву ҳизби мамнӯъгаштаи ифротии ӯ ҳатто собиқ шарикони сиёсиаш бо ибораи “Бо дег нишинӣ сиёҳ шавӣ” даст кашиданд.

Аз нигоҳи сиёсӣ ҳизби ифротӣ ва мамнӯъ ҳуқуқи маънавии истифодаи суруди миллии Тоҷикистонро надорад. Ин курсаводони бешараф бо макру фиреб дар давлати бегона вохӯрии қабилавиашонро бо суруди миллӣ ва қироати оятҳои Қуръон шурӯ карда, бори дигар мурдори сиёсӣ ва душмани дини мубини ислом будани хешро ошкоро нишон доданд.

Таърихи начандон тӯлонии мардуми тоҷик ҳамчун довар собит кард, ки ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон решаҳои динӣ ва иҷтимоӣ надорад.

Як тӯда бесаводони исломинамо бо дастгириву маблағгузории хоҷагони бегонаашон  аз хурофотпарсатии мардум ва фазои озодихоҳии солҳои 90 истифода бурда, зери парчами дини мубини ислом ҳизби сиёсии динӣ таъсис доданд, ҳарчанд чунин амалро қонунҳои кишвар он замон иҷозат намедод. Соли 1991 фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон манъ карда шуда буд. Солҳои 90 ин ҳизби пинҳонкор, ки дар заминаи фанатизми исломӣ бо мақсади бунёди давлати исломӣ фаъолият дошт, Тоҷикистонро оғӯштаи хун гардонид. Беш аз 150 ҳазор сокинони кишвар аз ҳаёт маҳрум, садҳо деҳаву марказҳои аҳолинишин ба хок яксон ва ҳазорҳо кӯдакон ятиму бесаробон ва бехонумон монданд. Як милион сокинони кишвар аз хоки Ватан фирор карданд.

Ба хотири Ваҳдати миллӣ дар кишварамон ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсии характери демократӣ, атеистӣ ва динӣ дошта рухсат дода шуд. Августи соли 1999  ТТЭ ҲНИ расман ба фаъолият шурӯъ кард, ҳарчанд мавҷудияти ҳизби динӣ хатар ба ҷомае буд.

Дере нагузашта маълум гардид, ки тавбаю тазаруки саркардаҳои ТТЭ ҲНИ рӯякӣ буда, онҳо аз маърифати сиёсӣ бархурдор нестанд  ва аз давлату давлатдорӣ фарсахҳо дар дурӣ қарор доранд. Наҳзатиён ба ивази хайрхоҳии давлат танҳо ба иҷрои супоришҳои хоҷагони бурунмарзӣ, яъне фаъолияти пинҳонии террористӣ ва ғазби ғайриқонунии ҳокимият машғул буданд.

Саркардагони ТТЭ ҲНИ –ро на дар олами динӣ мешинохтанду на дар фазои сиёсии кишвар. Раисони бахшҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва вилоятии ҳизб низ аз устодашон дар илми муосир бадтар буданду бештар дониш надоштанд. Чунончӣ: Раиси бахши ТТЭ ҲНИ  дар вилояти Суғд  Наим Самиев на саводи динии зарурӣ, на маълумоти дунявӣ дошт, ҳол он ки даҳҳо ҳамсолонаш дар ин синну сол соҳиби маълумоти олӣ, номзаду доктори илм, нависандаву шоир ва рӯзноманигори писандида буданд. Ӯ аз тақдири талхаш ҳанӯз пеш аз интихоботи соли 2015 огаҳӣ ёфта, диёрашро тарк кард ва то ба имрӯз беному нишон аст.

Раиси ивазнашавандаи ташкилоти ноҳиявии ТТЭ ҲНИ дар Исфара аз солҳои 90 то 2015 Бобоев Абдусаттор низ саводи сиёсиву дунявӣ надошт ва алҳол паси панҷара қарор дорад. Беэътиноӣ ба кори ҳизб то ҷойе буд, ки ба сафи он садҳо кампирони бегуноҳ, софу беолоиш, ки худ аз ҳизбияташон хабар надоштанд, номнавис ба рӯйихати ҲНИ гашта буданд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳарчанд фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар кишварамон мамнӯъ буд, вале аъзои ин ҳизб пинҳонӣ ба чӣ корҳо машғул буданд. Солҳои баъдина баъди авф ҳам, саркардҳои ин ҳизб ба ҷойи тарғиби сулҳу ваҳадт ва оромии ҷомеа, бунёди давлати миллӣ ба ҷузъ иғво, танқиди ҷомеа, мухолифат ба корҳои ҳукумат дигар кореро ба ҷо намеоварданд. Дар интихоботҳо бошад ТТЭ ҲНИ манбаи иғво буд ва ба ҷомеа ягон барномаро пешниҳод карда натавонист. Мадад аз мардуми кишвар наҷуста, ҳамеша ба ташкилотҳои байналмиллал муроҷиат мекард, ки ӯро дастгирӣ кунанд. Имон ба Худо мегуфтанду фармудаҳои Худоро на ба нафъи мардум, балки ба ғаразҳои сиёсии хеш истифода мебурданд. Хизмат ба мардум мегуфтанду ба ҷойи хизмат ба иродаи мардум хиёнат мекарданд.

Соли 2013 иттифоқо дар мулоқоти Кабирӣ бо ҳамҳизбонаш, ки дар толори яке аз хоҷагиҳои Исафра баргузор гардид, иштирок доштам. Ҳузури ҷавонони сарлучи ғазаболуд, ки ҳар лаҳза тӯъмаи тайёри эмисарҳои ифротӣ будунд ва занони либосҳои тарҳи эрониву туркипӯш, ки базур чашмонашон намудор буд, толорро хеле ҳузнангез намуд. Кабирӣ аз иштироки якчанд тан имомони масҷидҳои шаҳру деҳоти Исфара ва дигар шахсиятҳои бо сару либос ва намуди зоҳирӣ аз ҳамҳизбонаш фарқкунанда хеле маълул гашта,  рангу рӯйш парида буд.

Чун ба суханпардозӣ оғоз кард зане аз ҷояш бархосту гуфт: “фарзанди ман донишҷӯйи фаъол буд. Аввал ӯро ба намоз даъват карданд, баъд ба аъзогии ҲНИ, дере нагузашта ӯро ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷалб карданд. Ман ҷигарбандамро аз даст додам. ҲНИ ҳизби терорристон ҳизбу наҳзу касофат аст. Ман аз ту даъво мекунам, ки фарзандамро ба ман баргардон”. Ҷавондухтари дигаре аз ҷой бархесту гуфт “Додари ман аъзои фаъоли ҲНИ буд, ӯро бо маблағ таъмин мекарданд. Ӯ зеро даъватҳои ин ҳизб ҷонашро аз даст дод, вале ягон нафар аъзоёни ин ҳизб ё ташкилоти ҳизбӣ аз ҳоли фарзандони ятиммондаи ӯ боре ҳам хабар нагирифтанд. Яке аз ходимони дин ба Кабирӣ муроҷиат кард :“Эй Кабирӣ, агар ту дастурхони ваҳоббияи Саид Абдуллоҳи Нурӣ густурдаро ғундорӣ, дини исломро аз ифлосӣ, чангу ғубор озод мекунӣ. Номи некат дар олам мемонад. Набояд фаромӯш кард, ки ин ҳизб ба ғайр аз душманӣ ба дини мубини ислом дигар ба коре қодир нест”. Яке аз зиёиён гуфт: “Вазифаи ҳизби сиёсӣ ифодаи иродаи мардум дар интихоботҳо аст, вале ҲНИ дар ҷомеа  низои динӣ ба миён оварда истода аст, ки он хилофи талаботҳои қонунҳои амалкунанда буда, оқибатҳои нохуш дорад”.

Ин ҳама суханон нидои дили ҳазорон модарону хоҳарони фарзанду бародар гумкарда, нидои аҳли дин аз хиёнати наҳзатиён ба дини мубини ислом буд. Кабирӣ аз толор бо дили ранҷур, норозиёна аз кирдорҳои раисони беқобилияту заифи ташкилотҳои ҳизбӣ ва аъзоёни бемаърифаташ берун баромада, Исфараро тарк кард.

Дар интихоботи соли 2015 Кабирӣ боз ба Исфара омад. Ин дафъа ба мулоқот одамони зиёде гирд наомаданд. Кабирӣ дар толор дар изтироб буд ва ба ҷойи пешиҳоди барномаи пешазинтихоботӣ гилагузорӣ кард, ки дар ҳама ҷо ҳизби ӯро бо нописандӣ, таънаву маломат пешвоз мегиранд. Сархатиби масҷиди марказии шаҳр бо Кабирӣ оиди мавҷудияти ҳизб дар дин суолу ҷавоб карда, нуздаҳ оятҳои Каломи Шариф — ро бо тарҷимааш ба аҳли толор пешниҳод кард, ки дар ҳамаи онҳо ҳизбият дар дини мубини ислом мамнӯъ нишон дода шуда буд. Ба суоли тибқи ҳамин фармудаҳои Қуръони Маҷид оё амал кардани ҳизб аз номи ислом ҷоиз аст? Кабирӣ дар ҷавоб гуфт, ки “ман ҳамаи ин гуфтаҳоро бо худ қайд кардам ва зери ҳар яки он хат кашидам. Дар аввалин маҷлиси ҳизб баъди интихобот ин масъаларо мо баррасӣ менамоем”. Ин дувумин шикасти талхи Кабирӣ буд,  дар Исфара дар маконе, ки бештар ниёз ва  такя ба он дошт.

Баъди чор сол шояд ана ҳамон шикаст аз сархатиби масҷиди марказии Исфара ба ёди  Кабирӣ расид, ки дар шаҳри  Дортмунди Олмон то иқрор шавад, ки аз номи ҳизби ифротӣ ва мамнӯъгаштааш калимаи исломро гиранд. Яъне ӯ акнун шарикони аврупоӣ — ормонҳои демократӣ пайдо карда, ба дӯстони исломӣ ва мазҳабияш низ хиёнат карда, аз ислом рӯй гардонд. Ана бешарафӣ ва шармандагӣ дар куҷост.

Сиёсат илм аст. Дар доираи ин илми давлатдорӣ бояд онҳое амал дошта бошанд, ки маърифати сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву илмӣ дошта бошанд. Сиёсат вақте ба дасти инсони соҳибмаърифат, оқилу тавоно, меҳанпараст ва соҳиби ифтихори миллӣ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон афтод сиёсати адолатпарварона, хирадмандона, сулҳофар, созандаву бунёдкор дар кишварамон рӯйи кор омад ва неъматҳои он беназир аст.

Агар сиёсат ба дасти ҷоҳилон, бемаърифату кӯрдилон мисли Кабирӣ ва дигар ифротиён афтад вой бар ҳоли ҷомеа. Натиҷа ана ҳамон фанатизми динии солҳои 90, сӯхтору куштор, хиёнат ба Ватану миллати хеш.

Кабириву пайравонаш шармандавор бо ҷурми ифротгароӣ майдони сиёсии Тоҷикистонро тарк карданд. Хоинони миллат ва давлат ягон вақт ва дар ягон замон ба мақсади нопокашон нарасидаанд. Дар мусофират ба ҷузъ ғарибиву нотавонӣ, нолаву фиғон, иғвогариву худфурӯшӣ  чизе насибашон нашудааст.

Ҳар як ҷамъомад ва ҳатто ҳар як сухани гурезагони ватанфурӯш зарар ба ҷисму ҷони худи онҳост. Душманони миллат аз дуриҳои дур ба Тоҷикистон соҳибистиқлол санг мепардоянд, вале тири онҳо кайҳо хокхӯрда аст. Акнун ба садову нидои хоинон касе ҳам эътибор намедиҳад. Зеро саг аккос мезанад, корвон пеш меравад. ТТЭ ҲНИ аз ҷониби беш аз 3,5 милиард сокинони сайёра ҳамчун ҳизби ифротӣ шинохта шудааст. Мулоқоти Дортмунд ба решаи Кабириву ҳаммаслаконаш теш зад, ки минбаъд дигр онҳо ба худ нахоҳанд омад.

Эҳёи давлати миллии Тоҷикистон дар интиҳои асри XX бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон буда, ҳифзи он қарзи имониву виҷдонии ҳар як тоҷики сайёра аст, ҳарчанд дар кадом гӯшаи дунё қарор надорад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол бо хиради азалии Пешвои муаззамаш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дақиқа ба дақиқа, рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ рӯ ба рушду нумӯъ дорад. Ба рағми душманони миллат ба қадри неъматҳои давлати миллӣ, соҳибистиқлолию соҳибдавлатӣ, сулҳу Ваҳдат ва Пешвои муаззами миллат ҳамарӯза бояд расид.

 

Обидбой Аҳмадов — муовини раиси КИ ҲХДТ

дар шаҳри Исфара