САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН СОМНАТАҲ ГҲОШ АЗ ШАҲРИ ИСФАРА БОЗДИД БА АМАЛ ОВАРД.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Сомнатаҳ Гҳошро дар даромадгоҳи шаҳри Исфара, дар иншооти тозабунёди «Пазиройии меҳмонон» раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин якҷоя бо аҳли фарҳанги шаҳр хуш истиқбол намуд.
Сипас боздиди ҳайати меҳмонон аз Осоишгоҳи овозадори «Зумрад» ва Намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумии Исфара сурат гирифта, дар Қасри «Шифокорон»-и осоишгоҳ барномаи муштараки консертӣ бо иштироки ҳунармандони халқӣ аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ҳам санъатварони шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон хушу хотирмон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Сомнатаҳ Гҳош зимни суханрониҳои хеш бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди муносибатҳои дипломатӣ ва робитаҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории доимии судбахш нек табодули афкор намуданд.

Маркази иттилотии раиси шаҳр