Ваҳдату истиқлолият-ду болу як иқбол

Имрӯзҳо мо мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар арафаи таҷлили рӯйдодҳои бузургтарини таърихи миллати куҳанбунёдамон-Ваҳдати миллӣ қарор дорем.

Қайд кардан ҷойиз аст, ки санаи 27-уми июни соли 1997 ба имзо расидани “Созишномаи истиқрорисулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон”, ки маҳз бо талошу ҷонбозиҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи бебаҳо ба миллати сарбаланди мо гардида, сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ дар осмони мо ҳукмфаро гардид.

Агарчӣ,расмияти сиёсии имзои  Созишномаи зикр гардида санаи 27-уми июнисоли 1997 анҷом пазируфт, аммо марҳилаи сулҳофаринӣ ва талош барои таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, бо паёми сулҳнисори  Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтаву нидои«Ман ба шумо сулҳ меоварам» –и Ҷаноби Олӣ дарқалби ҳазорҳо мардуми ранҷури диёр шӯълаи умедро фурӯзонкарда, барои ояндаи неку дурахшон роҳнамо гардид.

Аммо, роҳи сулҳ барои мо–тоҷикону тоҷикистониёнро роҳи осону ҳамвор набуд. Зеро то он рӯзҳо моделитайёри ҳалли мушкилот ва мухолифат вуҷуд надошт.

Роҳбарияти давлат дар раванди ҳаштд аври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ бо намояндагони собиқ мухолифин, ки қариб чор сол идома ёфтанд, ба хотирисулҳусалоҳгузаштҳомекард, фазои боварию эътимодро фароҳам меовард.

Ҳаққо, ки хирад ва матонату нерӯи ваҳдатофари Сардори давлати тоҷикон оламиёнро ба ҳайратоварда буд. Дар ин муддати кӯтоҳ дастиҳам бигрифтану ҳамакинаву адоватро аз саҳфаи дил зудуда, ба бунёдкориву созандагӣ камар бастани миллати тоҷик дартаърих ҳеҷ назире надорад.

Дар даврони истиқлолият сулҳу ваҳдат яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихи муосири халқи тоҷик, омили наҷоти миллат ва давлатдории миллии мо ба шумор меравад. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик аз роҳи нобудшавӣ наҷот ёфта,  зиндагонии ободу осуда насибаш гардид.

Бояд гуфт, ки худи мафҳуми ваҳдат ҳаргиз маънои  якнавохтии ҷомеа ва ҳатман як хел фикр кардани  ҳаммаи шаҳрвандон ва ё  дар ҳаммаи  масъалаҳо мавқеи ягона доштани  ҳаммаи неруҳои сиёсиро надорад. Балки шаҳрвандон ва неруҳои сиёсӣ метавонанд дар масъалаҳои гуногун назари хоси худро дошта бошанд, вале дар айни замон дар масъалаҳои усулие чун  ҳифзи давлату миллат, манфиатҳои миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, ягонагии кишвар, ваҳдату суботи ҷомеа ва ғайра  мавқеи ягона дошта бошанд. Ин аст маънои солими ваҳдат дар як ҷомеаи муосири демократӣ.

Ҳадафиҳар яки мо ин аст,ки Тоҷикистони азизи худро ба кишвари фарҳанги сулҳу ваҳдат ва ба кишвари ҳамзистииму солиматомезиандешаҳо, акидаҳо, дину мазҳабҳо ва қавму миллатҳои сокинони он табдил гардонем,барои дастёбӣ ба ин ҳадафи наҷиб Тоҷикистониён Сарвари маҳбуби давлатдоранд, ки бо иродаи оҳанинаш ва заҳматҳои шабонарӯзаи хеш дар хизмати миллату давлатаст. Халки мо ҳамиродаиқавиисиёсӣваҳамзаминаитаҷрибаюамалиитаърихӣвадаркиумумимиллӣдорад.

Мавриди зикр аст, ки бо баробари ба ҷо овардани шукронаи соҳибватанӣ ва ифтихор кардан аз Тоҷикистони соҳибистиқлол қарзи имонии ҳар яки мост, ки тамоми кӯшишамонро ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллат ва ободии имрӯзу фардои кишвари азизамон сафарбар намоем.

Мо бояд истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадркунем, онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем. Ҳечгоҳфаромӯш накунем, ки пояи давлати мо бар ҳамин мафҳумҳо асос ёфтаанд.

 

Ш. Юлдошева,

Н. Қосимзода,

кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.

One Comment

Comments are closed.