Терроризм ва экстремизм

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр намуд.

Хатару таҳдидҳои ифротгароӣ моро водор менамояд, ки зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, пеш аз ҳама бар зидди ҷанбаҳои идеологии тарғиботии созмонҳои ифротӣ ва ошкор намудани роҳу усулҳои нави таъсиррасонӣ ба онҳо муборизаи беамонро пурзӯр намоем.

Имрӯз хатари глобалии тероризм ва экстремизми динӣ дар асл тамоми давлатҳоро новобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва низоми давлатдориашон фаро гирифтааст. Ин хатар реша ва сарчашмаи худро аз дахолати руйирости геополитикии қудратҳои ҷаҳонї мегирад, ки барои амнияти миллии давлатҳои тозаистиқлол, аз ҷумла ба кишвари мо хавфи бузург дорад.

Ин қувваҳои пасипардагӣ ва коргардонҳои он кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеш аз ҳама нерӯҳои ифротии дохилии мамолики гуногунро барои барҳам задани суботу амнияти онҳо таҳрик диҳанд.

Маҳз ҳамин қувваҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ буданд, ки миллати моро дар оғози истиқлолият ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ тела намуданд.

Дар асл ин қувваҳоисиёҳкор ва гурӯҳҳои ифродгаро нақша доштанд, ки давлате бо номи Тоҷикистон дар рӯи харитаи сиёсии ҷаҳон набошад ва мутаассифона қисме аз ҷомеаи мо аз бехабарӣ ва қисми дигар барои расидан ба ҳадафҳои сиёсиву манфиатҳои шахсӣ ба осиёи ин қувваҳо об мерехтанд. Онҳо мехостанд дини мубини Исломро истифода намуда, дар Тоҷикистон давлати бо ном исломиро таъсис диҳанд.

Аз ин нигоҳ, имрӯз ҷомеаи моро зарур аст, ки манфиатҳои миллӣ, амнияти кишвар, азму суботи ҷомеа, истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва таҳкимионро аз манфиатҳои шахсӣ ва ғаразҳои сиёсиашон боло гузоранд.

Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат, мо бояд пеш аз ҳама Ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеаи кишварро бо ҳар баҳонае набошад, бояд ҳифз намоем.

Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз ҷавонони мо бинобар надоштани дониши диниву дунявӣ, паст будани маърифати ҳуқуқии онҳо ва зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии васеъ ба равияҳои ифродгаро пайваст шуда, ба давлатҳои ҷангзада сафар менамоянд ва ҷони хешро дар роҳгумӣ қурбон месозанд.

Ифродгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат ҳамчун зуҳуротр ҳамон вақт ҷиноят ҳисоб меёбад, ки дар он усули ноилшавӣ ба мақсад, роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ бо роҳи зӯрӣ ва ё усули террор интихоб карда шаванд.