Кишоварзони Навгилем

Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоудин  бо мақсади шиносоū бо ҷараёни корҳои саҳроū ба деҳаи Навгилем  ташриф  оварда бо фаъолияти аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» аз наздик ошноū пайдо кард.

 

Нахуст раиси шаҳр  бо раванди корҳои саҳроū, нашъунамои зироатҳо ва тараддудҳои заҳматкашони хоҷагӣ  аз наздик шинос шуд.

Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем»  яке аз хоҷагиҳои калони  кишоварзū ба ҳисоб рафта, аҳли саҳрои хоҷагū  имрӯзҳо ҷиҳати саҳмгирū дар таҳкими амнияти озуқавории малакат суботкорона заҳмат мекашанд.

Ҷомеаи меҳнатии 600 нафараи хоҷагии мазкур дорои 625 гектар боғоту  275 гектар замини кушод буда, алҳол ин ҷо асосан ҷиҳати саривақт ғундоштани  ҳосил  ҷаҳду талош мекунанд.

Ба раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки  Ғаллакорони хоҷагū имсол дар майдони 138 гектар парвариши тухмиҳои гандуми навъи серҳосили ба шароити минтақа мувофиқ, аз ҷумла навъи  «Старшина»-ро ба роҳ гузошта аз ҳар гектар ба миқдори 54 сентнерū ҳосили хушсифат ба даст оварданд. Мувофиқи нақша дар мавсим 220 тонна тухмии хушсифати гандум омода ва пешниҳоди хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурū мегардад.

Деҳқонони хоҷагӣ  дар майдони 41 гектар ҷуворимакка барои дон,2 га шолӣ, 57 га сабзавотиҳо, аз ҷумла 53  помидор, 2,9 га карам, 20 га бодиринг, 1,5 га сабзӣ, 15 га пиёз         ва 38 га зироатҳои хӯроки чорво кишт намуда, ба парваришу нигоҳубини он машғуланд. Деҳқонон ният доранд, аз ҳар гектар замини помидор  ба миқдори 400-450 сентнерū ҳосил  ба даст оварда, ба корхонаҳои коркард фиристанд. Аз ҷумла бо мақсади таъмини бозори дохилū помидори хушсифат дар бозори марказии шаҳр ба харидорон пешкаш мешавад. Бино бар суханони  сарвари «Кишоварзони Навгилем» Сабзиддин Файзиддинов, соли сеюм аст, ки дар ҳамкорū бо мутахассисони чинū дар майдони 20 гектар тухмии ҷуворимаккаи  навъи  «Синзян-919» парвариш карда мешавад, ки он серҳосил ва серхаридор аст. Дар майдони 8 гектар бошад, парвариши помидор тариқи усули нави қатрагū  ба роҳ монда шудааст.

Боғдорони хоҷагӣ бошад дар мавсими имсола зиёда аз 550 тона меваҷоти шаҳдбор истеҳсол намудаанд.

Раиси шаҳр  зимни боздид бо деҳқонону хоҷагидорон самимона мулоқот намуда, таваҷҷӯҳи аҳли меҳнатро ба масъалаҳои густариши фаъолияти истеҳсолū, иҷрои нақшаҳои  пешбинигардида, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар, тақвияти корҳо  вобаста ба дигар самтҳои фаъолият, аз ҷумла афзун намудани ҳаҷми фурӯши помидор дар бозорҳои шаҳр ва маркази вилоят ҷалб намуд.