ТАҶЛИЛИ ШОИСТАИ ҶАШНИ ВАҲДАТ ДАР ИСФАРА

Таҷлили ҷашни таърихии 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Исфара бошукӯҳу шаҳомати хосса сурат гирифт
Арзишмандию аҳамияти бузургу тақдирсози Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, саҳму нақши сулҳоварӣ, мақому манзалати ваҳдатофарӣ ва хизматҳои бебаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баимзорасонии Созишномаи сарнавиштсоз ва истиқрори сулҳ зимни суханрониҳои раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бахтиёр Эҳсонзода ва муовини раиси шаҳри Турсунзода Бахтиёр Солеҳамоҳ Холова возеҳу равшан бозгӯйӣ ёфтанд.
Тавре зикр гардид, маҳз рӯҳи тавонои Пешвои асили халқу миллат, сармеъмор ва мунодии сулҳу ваҳдат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Созишномаи сулҳ сангарҳоро шикаст, кинаҳоро дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро ба гирди дастархони ваҳдат ҷамъ овард.
Намоиши ҷолиби театрикунонидашуда, барномаи пурмуҳтавоии фарҳангии омоданамудаи аҳли санъати Исфара ифодагари он буданд, ки Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.
Дар раванди баргузории тантанаҳои ҷашнӣ ҳайати бонуфузи намояндагон аз ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ва навоҳии Ӯзбекистону Бешариқ ва Сӯхи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзида, мардуми Исфараро бо идашон нек муборакбод гуфтанд.

Маркази матбуотии раиси шаҳр