Сармояи инсонӣ

Таваҷҷӯҳи ҷавонон ба истифодаи сармояи инсонӣ рӯз то рӯз афзоиш ёфта, насли наврас нерӯи тавонои ҷавониашонро ба омӯзиши илму ҳунар сафарбар менамоянд. 2075 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара, аз ҷумла 854 нафар духтарон барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ ва касбӣ ҳуҷҷатҳояшонро ба маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд.

        Омӯзиши илму ҳунар, самаранок истифода гардидани тавоноӣ, қудрат ва малакаи ҷавонон дар шоҳроҳи зиндагӣ фарогири мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии № 31 ва 32 қарор гирифтанд.

        Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара О.Аҳмадов зикр кард, ки дар як донаи зардолу чӣ сиру асроре ниҳон аст? Чун дона ба замин афтод бо дастранҷи деҳқон шоху барг ва реша давонида, дарахти бузург шавад ва аз меваи он коми мардум шаҳдбор гардад.

        Ҳар як ҷавон низ чун 11 сол илму дониши муосирро аз худ кард ба рӯи ӯ дари донишгоҳҳои муосир боз гардад.

        Тавоноиву қудрат ва малакаи беҳамтои инсонӣ ба ӯ шароит фароҳам меорад, ки минбаъд дар ҷабҳаҳои гуногун нерӯи инсониашро сафарбар намуда, ба ҷомеа нафъе орад, номбардори Ватан ва волидайни хеш гардад.

        Мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ф.Тоҷибоева изҳори андеша кард, ки барои духтарон бобати таҳсили илм ва ҳунар дар кишвар ҳама шароитҳои зарурӣ муҳайё буда, танҳо аз духтарон ҷасорату матонат дар роҳи расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ басанда аст.

        Дар меҳвари сӯҳбат баланд бароштани  ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, дар рӯҳияи инсонпарварӣ ва азбаркунии донишҳои муосир ба камол расидани насли наврас қарор гирифт. Зеро ба гуфтори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд”

Маркази иттилоотии КИ ҲХДТ

 дар шаҳри Исфара