ДАСТАИ ФУТБОЛИ «ИСФАРА» ТАҲТИ ТАВАҶҶУҲУ САРПАРАСТИИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲР ҚАРОР ДОРАД

Маҳз бо назардошти он, ки инкишофи ҷисмонии ҷавонон ва нерӯи солими онҳо барои давлату миллат омили муҳим аст, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таъмини рушди соҳаи варзиш ва оммавӣ гардонидани он, аз ҷумла футболро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор додааст.

Вохӯрию мулоқоти самимонаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо аъзои дастаи футболбозони Исфара, ки дар мусобиқоти лигаи якуми Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ доранд, тақвиятбахшандаи ин иддаост.

Зимни мулоқоти озоде, ки байни шаҳрдор ва футболбозони Исфара сурат гирифт, дар баробари бурду бохти даста масъалаҳои ташкилию молиявӣ ва фароҳамсохти шароиту имконоти беҳтар барои футболбозон мавриди гуфтугузор қарор ёфт.

— Орзуи ҳар яки шумо бояд як бошад – ба даст овардани ғолибият дар мусобиқот ва боистӣ, ки шумо ҳамарӯза сӯйи ин орзу равед. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Федератсияи футболи шаҳр ва ҷомеаҳои меҳнативу соҳибкорони саховатпешаи Исфарамарз ҳамеша дастгиру муттакои шумо хоҳанд буд,- изҳор дошт Саломзода Сиҷоуддин.

Натиҷаю боздеҳи ин мулоқоти самимона буд, ки дастаи футболбозони Исфара дар мусобиқаи навбатӣ бо дастаи “Дӯстӣ”-и Ҷайҳун бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст оранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *