Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки
дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар таърихи 12 майи соли равон баён намуда буданд, дар шаҳри Исфара тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар рўзҳои таҷлили иди рамазон ва арафаи чашни Ваҳдати милли кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ба дидорбинию аёдати нафаре чанд аз куҳансолон, кўдакони имконияташон маҳдуд ва бесаробонмонда иқдом намуданд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ОлимОчилзода, аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аёдатшудагонро бо идҳои дар пешистода табрик гуфт. Дар рафти аёдат зикр гардид, ки ниёзмандон набояд худро яккаву танҳо ва бесаробон эҳсоснамоянд, зеро
давлатуҲукумат ҳамеша ғамхору пуштибони онҳост.
Зимни аёдату дидорбинӣ давоми ин рӯз ба бепарасторон, беморону барҷомондагон ва шахсони камбизоату эҳтиёҷманд кӯмакҳои моддӣ расонида шуда, зимнан ниёзмандон мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ ва меҳрубонӣ қарор ёфтанд.
Шахсони аёдатшуда аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат сипосмандии хешро баён намуда, ба хотири таҳкими фазои сулҳу созиш ва истиқлолияти давлатū даст ба дуо бардоштанд.