Тақвияти фаъолияти ҳизбӣ

Рӯзи 07 июни соли равон дар кохи фарҳанги шаҳри Исфара дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба амали намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҳизб, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (16.02.2018) бобати коркарди усулҳои нави ташвиқу тарғиб, баргузории системавии курсҳои бозомӯзӣ дар байни кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоӣ машварати ҷумҳуриявии бозомӯзии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳрҳои Конибодом ва Исфара бо иштироки муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарама Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода ва гурӯҳи кории Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар мавзӯъи “Тақвияти фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ” доир гардид.

Машваратро узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ҳусни ифтитоҳ бахшида зикр кард, ки суханронии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун яке аз падидаҳои муҳими сиёсӣ сол ва ҳуҷҷати муҳими дастурдиҳанда диққати на танҳо ҳизбиён, балки кулли сокинони кишварро ба худ ҷалб кард.

Пешвои миллат аз фаъолияти нерӯи тавонои сиёсии кишвар натиҷагирӣ карда, вазифаҳои навбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар марҳилаи ҳасоси замони муосир муайян карда, изҳор намуданд, ки таи солҳои охир Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеъа, ҷойгоҳи сазовори сиёсӣ ва ҷамъиятӣ пайдо намуда, бо зиёда аз 460 ҳазор нафар аъзо, на танҳо ҳизби сернуфуз, балки ҳизби мафкуравию идеявии ҷомеа гардид. Ҳоло он ба нерӯи муттаҳидкунандаи қишрҳои мухталифи ҷомеа табдил ёфта, рисолати таҳкимбахшандаи пояҳои давлати миллиро ба дӯш гирифтааст.

Вобаста ба мавқеи ҳизб дар ҷомеа Раиси муаззами ҳизб оид ба рушди босуботи иқтисоди миллӣ, гузариш аз роҳи анъанавии истеҳсолот ба усулҳои иноватсионӣ, афзалият ба илму маърифат, таъмини рушди тандурустӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва фазои сиёсии ҷаҳони пуртазоди муосир изҳори андеша карда, таъкид намуданд, “Фурсати он фаро расидааст, ки ташкилотҳои ҳизбӣ дар маҳалҳо аз корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба корҳои амалӣ рӯй оранд ва бо иқдомҳои созандаи худ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Оинномавӣ ва иҷрои Барномаи пешазинтихоботӣ саҳмгузор бошанд”.

Пешвои миллат дар такя ба нерӯи созанда ва бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хеле бамаврид зикр карданд, ки сохторҳои ҳизбии мо бояд дар марҳилаи нави тараққиёти мамлакат бо мақсади ҳарчи беҳтар кардани муносибатҳои байни шахсият, ҷамъият ва давлат дар амри идомаи ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, хусусан дар раванди демократикунонии ҷомеа боз ҳам фаъолтар бошанд. Зеро барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мисли тамоми мардуми шарифи мамлакат сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзишҳои бузурганд ва тарғибу ташвиқи фарҳанги сулҳпарваронаи тоҷикон яке аз ҳадафҳои аслии мо мебошад.

Вобаста ба таҳлилҳои саривақтӣ Раиси ҳизбамон таваҷҷӯҳи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба 12 самти муҳими фаъолият ҷалб карда ба ҳизбиён дастуру супориш доданд, ки барои амалӣ намудани онҳо бо масъулияти том ҳамарӯза машғул бошанд.

Бо мақсади амалигашти дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи сохтмон ва ба истифода додани биноҳои ҳизбӣ қарори раиси шаҳри Исфара аз 4-уми апрели соли 2018, №152 “Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои лоиҳагирӣ ва сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфар” ба имзо расида, аллакай қитъаи замин дар шафати бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷудо шудааст.

Боиси ифтихор аст, ки 29-уми майи соли равон раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар раванди сафари кории худ ба шаҳри Исфара бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Ҷоизи зикр аст, ки иқдоми мазкур бо ташаббуси роҳбарияти шаҳри Исфара рӯи кор омада, ҳадафи он фароҳам овардани шароити фаъолияти корӣ ба Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб мебошад, ки дар ҳайати 8 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 173 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ беш аз 14000нафар аъзои ҳизбро сарҷамъ намудааст.

Муовини раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раъно Маҳмуд дар мавзӯъи “Нақши ҲХДТ дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ”, роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонов Абдураҳмон Умарович “ Оид ба усулҳо ва манбаҳои ташфиқоти пешазинтихоботӣ, ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ ва рушди фарҳанги аъзои ҳизб”,  мудири шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ҳамидов Илхомчон Иномчонович “Дар бораи истифодаи тарзу усулҳои замонавии васоити ахбори омма дар маракаҳои пешазинтихоботӣ”, мудири шӯъбаи таблиғот ва таҷлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Наимов Маҳмадулло Раҳимович “Оиди кадрҳо- меҳвари рушд ва устувори давлат”, мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло дар мавзӯъи “Татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (16.02.2018) ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтиоӣ” бо иштирокдорони машварат сӯҳбат оростанд.

Машварат хеле хотирмон ва судманд буда, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро ба бунёдкориву навоварӣ, баланд бардоштани ҷойгоҳи ташкилотҳои ибтидоӣ дар ҷомеа ва тақвияти мафкураи сиёсии шаҳрвандон ҳидоят кард.

 

Маркази таблиғотии КИ ҲХДТ

дар шаҳри Исфара