Исфара: МУЛОҚОТИ СУДМАНДИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОБИҚАДОРОНИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмудинов Сафаралӣ Маҳсудинович ва раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо шахсиятҳои барӯманду соҳибэътибори Исфара собиқадорони хизмати давлатӣ Мирзошариф Исломиддинов, Абдуҳаким Ҳалимов, Башорат Раҳимова, Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев, Ҷамолиддин Нуриддинов, Алиҷон Маҳмудов ва Қутбиддин Эшонов мулоқоту машварати судманде анҷом доданд.
Ҳадаф аз амалисохти тадбир ҷалби нерӯи ақлонию зеҳнӣ ва истифодаи таҷрибаю малакаи ғании ин шахсиятҳои дар гузашта соҳибмақому маъруф дар вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Дар раванди мулоқот Саломзода Сиҷоуддин ҳамзамон бо зикри аҳамияти бузурги ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақшаи чорабиниҳои ҷашнии тарҳрезинамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба собиқадорони хизмати давлатӣ мушаххас иттилоъ дод.
Сафаралӣ Наҷмудинов зимни суханронии худ оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, рафти амалигашти иқдомоти созанда ва самтҳои стратегии пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар кард.
Мавсуф ҳамзамон бо ёдоварди ҳамкориҳои босамари худ бо ҳозирини мулоқот ва зикри хизматҳои шоёни ходимони намоёни давлатӣ- собиқ муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исломиддинов Мирзошариф ва Темурҷонов Холисҷон, собиқ муовини раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Савриддинова Гулафзо ҳамчунон лаёқати баланд ва таҷрибаю малакаи ғании сарварии раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддинро махсус қайд намуда, собиқадорони хизмати давлатиро ба ҳамкории наздику самарабахш даъват намуд.
Тавре Наҷмудинов С.М. изҳор дошт, шаҳри Исфара шахсиятҳои бузург дорад ва маҳз шахсиятҳои барӯмандаш бо истифода аз обрӯю нуфузи баланде, ки дар байни мардум доранд, метавонанд роҳнамою ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба амалҳои неку шоиста ва созандаю ободкорона бошанд.
Ӯ изҳори умедворӣ аз он кард, ки собиқадорони хизмати давлатӣ дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятию сиёсии шаҳр, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва мафкуравӣ, ҷалби соҳибкорони муваффақ ба бунёду азнавсозии иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ, иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигашти «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2018-2020» фаъолона иштирок ва саҳмгузорию мусоидат хоҳанд кард.
Собиқадорони меҳнат Исломиддинов Мирзошариф, Раҳимова Башорат ва Ҳалимов Абдуҳаким дар раванди суханрониҳои худ хизматҳои бузургу бебаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри устуворсозии истиқлолияти давлатӣ, рушду тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва фароҳамсохти рӯзгори осоиштаю зиндагии шоистаи мардум хосса қайд намуда, таклифу пешниҳодоти мушаххаси худро бобати зарурати бунёди иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ дар шаҳру деҳот ва ҳамзамон омодагии хешро ҷиҳати таъмини амалигашти сиёсату иқдомоти созандаю бунёдкоронаи давлату ҳукумат, ободу зебо гардонидани шаҳри Исфара ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд.
 
Маркази матбуотии раиси шаҳр