Дар заминаи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар заминаи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд оид ба эълон гардидани 1300 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара корҳои ободонию созандагӣ суръати тоза пайдо намудааст.
Маъракаи мумфаршкунии яке аз кӯчаҳои асосии шаҳр, ки маркази шаҳрро бо деҳаҳои Сурху Чоркуҳ ва Ворух пайваст менамояд, аз ҷумлаи ин тадбирҳост. Корҳои мумфаршкунӣ ва азнавсозии роҳ аз гардишгоҳи осоишгоҳи «Зумрад» то чорроҳаи марказӣ дар масофаи 3,2 километр бомаром ҷараён доранд. Дар ин масир чароғонкунии роҳ низ ба назари эътибор гирифта шудааст.
Фармоишгари лоиҳа Дирекцияи сохтмони иншоотҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчии роҳ ширкати «Созанда» мебошад. Онҳо ният доранд, ки корҳоро то ҷашни Ваҳдати миллӣ ба сифати баланд анҷом диҳанд.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода шаванд.
Ёдовар мешавем, ки алҳол азнавсозии роҳҳои Конибодом-Исфара, Исфара-сарҳади Қирғизистон, амалӣ шуда истодааст, ки моро аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан раҳо ва имкониятҳои хуби иқтисодиро муҳайё менамояд.
Дар арафаи 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ мардуми шарифи Исфара бо вусъати корҳои ободонӣ дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳо ҷаҳд доранд ки ин шаҳри бостонӣ боз ҳам рушду тараққӣ ва зебову ороста гардад.