Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр маҷлиси машваратии Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин бо роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир гардид.
Дар раванди маҷлиси машваратӣ аз сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Исфара, ки ҳафтаи гузашта доир шуда буд, натиҷагирӣ карда шуда, Раиси шаҳр ба ҳозирин дастуру супоришҳои раиси вилоятро расонид. Зикр намуд, ки ҳарчанд ташрифи Раиси вилоят ба Исфара хуб арзёбӣ шуда бошад ҳам, аммо дар баъзе самтҳо, аз ҷумла дар вусъат додани корҳо дар даромадгоҳи Исфара, рушди иқтисодиёт ва фаъолияти бештари корхонаҳои саноатӣ тадбирандешиҳо зарур аст. Аз ҷумла аз нав болопӯш намудани бинои қисми ҳарбӣ, ба ҳолати ҷавобгӯй ба меъёрҳо овардани нуктаи таъмини сӯзишвории гардиши Нурафшон, тайёр кардани хатсайрҳо барои меҳмонони олиқадр ва насби шиору овезаҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва саривақт омода кардани иншоотҳои баистифода додашаванда аз зумраи корҳои иҷроияшон ҳатмӣ мебошанд. Дар раванди мулоқот шаҳрдори Исфара роҳбарони як қатор корхонаҳо, ба мисоли Комбинати консервабарорӣ ва “Нилуфар”-ро вазифадор кард, то камбудиҳоро бартараф ва супоришҳоро иҷро намоянд.
Вобаста ба масъалаи рушди соҳаи саноати Исфара дар маҷлиси машваратӣ таъкид ёфт, ки ҳарчанд рушд 113 фоиз таъмин шуда бошад ҳам, ин нишондод беҳбудиро талаб дорад ва он бояд 130 фоизро ташкил диҳад.
Масъали дигаре, ки дар раванди маҷлиси машваратӣ дахл карда шуд, ин масъалаи ҷамъоварии маблағи андоз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо буд. Дар ин замина Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин бори дигар роҳ надодан ба пешбардохтро таъкид намуд ва дар як вақт аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла ҶС “Ангишт” оид ба андешидани чораҳо вобаста ба пардохти андоз ва қарзҳои моҳҳои пеш даъват ба амал овард.
Ҷамъбасти маъракаи даъвати баҳорона ва аз имрӯз омодагӣ гирифтан ба даъвати тирамоҳии ҷавонон, суст будани корҳои мафкуравӣ ва тақвияти фаъолият дар ин самт, дар кутоҳтарин фурсат анҷом додани раванди бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва дарёфти сарчашмаҳои иловагии андозбандӣ аз зумраи он масъалаҳое буданд, ки дар маҷлисми машваратӣ баррасӣ гардиданд.
Инчунин дар маҷлис ҳисоботи мудири бахши хизматрасонӣ дар хона Равшан Сангинов бобати фаъолияти панҷмоҳа шунида шуд.
Рафти иҷрои протоколҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ вобаста ба вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон анҷомбахши маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳр буданд.