СУБХИ ВАТАН

Раиси шахри Исфара Саломзода Сичоуддин дар идомаи шиносои бо корхонахои саноатии шахр ба Чамъияти дорои масъулияти махдуди «Субхи Ватан» ташриф овард.

Бояд тазаккур дод, ки корхонаи мазкур соли 2012 –ум бунёд гардида, фаъолияти он ба коркард ва бандубасти меваи хушки махалли нигаронида шудааст. Кудрати солонаи истехсолии «Субхи Ватан» ба 1,5 миллион куттии шарти консервахо баробар буда, дар ин чо истехсоли беш аз 30 номгуйи махсулот ба рох монда шудааст.
Корхона бо тачхизоти муосири истехсолии Русияву Мачористон мучаххаз гардонида шудаасту сифати махсулоти он ба талаботи меъёрхои стандарти Иттиходи Аврупо чавобгуй мебошад.
Дар чор мохи сипаришудаи соли чори дар корхона ба миrдори 370, 7 хазор сомони махсулот истехсол карда шудааст, ки ин нисбат ба нишондоди хаминдавраи соли гузашта ба маблаги 196,8 хазор сомони бештар аст.
Аз огози мавсими нави кор дар ЧДММ «Субхи Ватан» сокинони дехаи Хонобод шоду мамнунанд. Зеро фаъолияти хуби коргох 46 адад чойхои кори ва маоши хубро барои коргарон кафолат медихад.
Вокеан хам мавчудияти талабот ба махсулоти хубсифати ЧДММ «Субхи Ватан» дар бозори истеъмолии дохили ва хоричи чанд соли охир ба болоравии сатху сифати зиндагии мардуми дехаи Хонобод ва ганигардии бучети махалли мусоидат менамояд.
Тачрибаи ЧДММ «Субхи Ватан» собит месозад, ки шарти асосии пешбурди сохаи коркарди махсулоти кишоварзи дар мамлакат ташаббускори, омузиши талаботи бозор, мехнати софдилона ва истехсоли махсулоти босифат мебошад.