Рӯзи байналмилалии ҳифзи

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола санаи 1 июн қайд карда мешавад, дар шаҳру деҳоти Исфара бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Бахшида ба ин сана дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Хонаи бачагони шаҳраки Шўроб ва Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара чорабиниҳои идона доир гардида, бошандагони ин муассисаҳо ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд. Дар ҳамаи чорабиниҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иштирок ва аз ҷониби сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуданд.
Санаи 1 июн Гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ ба ҳайси идгоҳи асосӣ ва макони баргузории чорабиниҳои идона қарор ёфт. Аз субҳи барвақт ин ҷо иди гулҳову паррандагон, намоиши маҳсули дасти аъзоёни маҳфилҳо ва озмунҳои гуногун, аз ҷумла расмкашӣ дар рўи асфальт оғоз гардиданд.
Ба мавзеи чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён, намояндагони раёсати маориф, бахши фарҳанг ва шўъбаи ҳуқуқи кўдак ташриф оварда шодишарики кӯдакону наврасон гаштанд.
Меҳмонон нахуст аз гӯшаҳои гуногуне, ки дар растаҳои гулпӯши Гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ ташкил карда шуда буданд, дидан намуда бо маҳсули дасти кӯдакону наврасон шинос гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар идгоҳ барномаҳои фарҳангии кӯдакистонҳо, гӯшаи саломатӣ ва аёниятҳои таблиғи тарзи ҳаёти солим, гӯшаи зиндаи ҳайвоноту парандаҳои гуногун, гӯшаи техникони наврас, , маҳфилҳои гуногун, бозиҳои варзишӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати дастии хонандагону тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр ба намоиш гузошта шуд, ки кӯдакону наврасон аз тамошобинони асосии чунин гӯшаҳо буданд.
Маҳсули дастони моҳири толибилмони мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ бозгўйӣ аз он доштанд, ки имрўзҳо кўдакону наврасони кишвар ба туфайли ғамхориҳои беназири давлат ва аҳли ҷомеа имрўз ва ояндаи худро дар олами рангин ва хуррам дарёфт мекунанд.
Баъди тамошои барномаҳои омоданамудаи кӯдакон муовини Раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён дар назди ҳозирин бо суханони табрикӣ баромад намуд.
Ў зимни суханронии худ кулли кӯдакону наврасонро бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда, ба онҳо сиҳатмандию саломатӣ, хониши хубу аъло ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
Таъкид гардид, ки ҳамасола 1 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари дигар мамлакатҳои олам Рӯзи байнамилалии муҳофизати кӯдакон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад, ки ҳадаф аз он пеш аз ҳама ҷалби аҳли башар ба муаммоҳои кӯдакон, ғамхорӣ нисбати онҳо, муҳайё намудани шароити мувофиқи зист, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, таълим ва тарбияи ояндаи насли ҷавон аст.
Зикр карда шуд, ки дар Тоҷикистон аксарияти аҳолиро ҷавонону наврасон ташкил намуда, баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон, беҳтар намудани кори таълиму тарбия ва дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.
Муовини Раиси шаҳри Исфара ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки кӯдакону наврасон бо истифода аз фазои орому осуда ва шароити хуби истироҳату таҳсил чун насли ояндасоз ба камол расида, бештару афзунтар Тоҷикистони азизамонро дар ояндаи наздик чун кишвари соҳибтамаддун ва сарзамини сулҳу ормонҳои наҷиби инсонӣ муаррифӣ хоҳанд кард.
Дар барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Мо ғунчаҳои баҳори Ваҳдатем» дастаҳои хонандагони макотиби миёнаи умумū ва муассисаҳои томактабии шаҳру деҳоти Исфара ширкат варзида, тавассути шеъру тарона, рақсу бозӣ ва саҳначаҳои ҷолиби ибратбахш айёми ширини кўдакӣ ва самои софу беғубори Меҳани маҳбубро ситоиш карданд