Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар мактаб-парваришгоҳи махсуси кӯдакони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара чорабинии идонаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Ба ин муносибат намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раёсати маориф ва корхонаҳои сарпараст  ба ин муассисаи кӯдакон омада шодишарики тарбиятгирандагон шуданд.
Ба чорабинū сарвари муассиса Хамидахон Воҳидова хусни ифтитох бахшида аз таваҷҷӯҳу ғамхории Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ба маъюбону шахсони имконияташон маҳдуд ва ба меҳрубонū ниёздошта ёдовар шуд.

Муовини Раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён тарбиятгирандагони ин боргоҳи маърифатро бо иди кӯдакон муборакбод гуфта, бобати ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳарф зад. Ӯ ҳамзамон зикр намуд, ки мақомоти маҳаллӣ дар навбати худ ба муассисаҳои иҷтимоии кӯдакон эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Зеро дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кӯдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба ғамхорию парасторӣ ва таваҷҷӯҳӣ хоса фарогиранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба тақдири кӯдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд.
Қобили тазаккур аст, ки дар ин рӯз сарпарастони таълимгоҳ -кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» кӯшиш карданд, ки бо густурдани дастархони пур аз нозу неъмати идона табъи кӯдаконро шод гардонанд.

Кӯдакону наврасон дар ҷавоб ба таваҷҷӯҳ ва меҳрубониҳои меҳмонон барномаи Идонаи омодакардаи худро таҳти унвони «Мо кӯдакони хушбахтем», ки аз дастагули шеъру тарона, саҳначаву рақсу бозиҳои ҷолиб иборат буд, намоиш доданд.

Дар раванди нишасти идона инчунин ба ғолибони мусобиқаи вилоятӣ оид ба шашка медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳо супорида шуд.

Бояд қайд намуд, ки алҳол дар мактаб-парваришгоҳи махсуси кӯдакони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳр аз гӯшаву канори мухталифи вилояти Суғд 79 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд бо таълиму тарбияи хуб ва муоинаи мунтазами тиббиву табобат фаро гирифта шудаанд.