РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД ФАЪОЛИЯТИ 3 КОРХОНАИ САНОАТИИ ИСФАРАРО МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ДОД

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба шаҳри Исфара, ки 29 майи соли равон сурат гирифт, вазъи воқеӣ ва дурнамои фаъолияти 3 корхонаи саноатии шаҳр — ҶДММ «Заводи сементбарории ба номи Баҳодурхӯҷа Самадов», ҶСК «Нилуфар» ва ҶСШК «Тамохуш – Заводи гидрометаллургии Исфара»-ро мавриди омӯзишу баррасии ҳамаҷониба қарор дод.
Тавре зимни боздиди Раиси вилоят аз ҶДММ «Заводи сементбарории ба номи Баҳодурхӯҷа Самадов» ва суҳбати мавсуф бо роҳбарияту кормандони он аён гардид, корхонаи мазкур соли 2007 таъсис ёфта, 11 сол инҷониб дар самти истеҳсоли семент сари кор дорад.
Корхона бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ давоми соли 2017 ба миқдори 20 ҳазор тонна ва давоми 4 моҳи сипаригардидаи соли равон 6,6 ҳазор тонна сементи босифату ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй истеҳсол ва қисмати зиёди онро ба хориҷи мамлакат содирот намудааст.
Саҳми корхона дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳр 3,4% ва ҳисоби миёнаи музди меҳнати 277 нафар кормандони он 887 сомониро ташкил медиҳад.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо зикри супоришу дастуроти Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба воридсозии таҷҳизоту технологияи муосир, коркарди ниҳоии ашёи хоми маҳаллӣ ва пайваста афзуннамоии ҳаҷми истеҳсоли ватании ба содирот нигаронидашуда дар назди роҳбарияти корхона ҷиҳати истифодаи самаровари иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин андешидани тадбирҳо барои кам гардонидани партовҳо ва таъмини ҳифзи муҳити зист вазифагузорӣ кард.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НИЛУФАР» (собиқ заводи рангҳои минералии Исфара) таваҷҷуҳи Раиси вилоят ба вазъи воқеии фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти кулолӣ ва ранги сохтмонӣ нигаронида шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳунари кулолгарӣ дар Исфара садсолаҳо таърих дошта, аз насл ба насл мегузарад. Ҷавонон бо ҳавас аз устодон сирри ҳунари зебо, сирри дасти шахси ободгарро меомӯзанд. Маҳсули кулолгарони Исфара дар бисёре аз намоишҳои байналхалқӣ баҳои сазовор гирифтанд. Роҳандозии истеҳсоли саноатии зиёда аз 20 намуди маҳсулоти кулолӣ дар корхонаи “Нилуфар” ба ривоҷи ин ҳунари зебои аҷдодӣ нек мусоидат намудааст.
Аммо, бо сабаби мушкилоти молиявию иқтисодӣ фаъолияти корхона тайи 7-8 соли ахир халалдор гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфтааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақвият бахшидани фаъолияти корхонаи мазкурро дар Соли рушди ҳунарҳои мардумӣ амри муҳиму зарурӣ арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати дарёфти роҳҳои беҳбуд бахшидани вазъи молиявӣ ва фаъолияти корхона дар самти истеҳсоли маҳсулоти кулолӣ, ҳалли масъалаи дастрасию истифодаи сӯзишвории гази табиӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, роҳандозии ҳамкорию табодули таҷрибаи мутахассисони корхона бо ҳунармандони корхонаҳои хамсони вилоятҳои Самарқанду Фарғона ва Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ташкили мағозаи фурӯши армуғонҳои сафолӣ дар маркази вилоят дастурҳои мушаххас дод.

Раҷаббой Аҳмадзод дар ҶСШК «Тамохуш – Заводи гидрометаллургии Исфара» бо намудҳои нави маҳсулот, ки истеҳсоли онҳо истифодаи аз ашёи хоми маҳаллӣ ба тозагӣ роҳандозӣ гардидааст, шинос шуда, истифодаи оқилонаи иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, тақвият бахшидани робитаҳои иқтисодию истеҳсолӣ бо корхонаю ширкатҳои хориҷӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самтҳои нави истеҳсолиро омилҳои муҳими рушди соҳа шуморид.
Бояд тазаккур дод, ки саҳми ин корхонаи азиму дар гузашта маъруфи Исфара дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳр айни замон ҳамагӣ 1,8% ва ҳисоби миёнаи музди меҳнати 122 нафар кормандони он 567 сомониро ташкил медиҳад.
Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар давоми 4 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 181% таъмин ва дар ҳаҷми 1,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Маркази матбуотии раиси шаҳр