ҲИЗБИЁНИ ИСФАРА СОҲИБИ БИНОИ ЗАМОНАВИИ МАЪМУРӢ МЕГАРДАНД.

29 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар раванди сафари кории худ ба шаҳри Исфара бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Ҷоизи зикр аст, ки иқдоми мазкур бо ташаббуси роҳбарияти шаҳри Исфара рӯйи кор омада, ҳадаф аз амалисохти он фароҳамсохти шароити созгори фаъолият ба кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб мебошад, ки дар ҳайати 8 кумиҷроияи ибтидоӣ ва 173 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ беш аз 14000 нафар аъзои ҳизбро сарҷамъ намудааст.

Фармоишгари иншооти мазкур Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара буда, тарҳи сохтмони иншоот аз ҷониби Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии САНИИОСП” омода шудааст.

Иншоот аз се ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби ҶДММ «Ширкати сохтмонии Исфара» сурат мегирад.

Маркази матбуотии раиси шаҳр