ИСФАРА ШАҲРИ ҶАВОНИСТ

Бино бар дастури раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин маҳз Варзишгоҳи деҳаи Чилгазӣ макони баргузории тантанаҳои умумишаҳрӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарор ёфта, ҷашни ҷавонон дар фазои идона ва бо орзуву ниятҳои неки созанда истиқбол, дар сатҳи баланду шоиста таҷлил гардид.
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар маркази шаҳр, баргузории ярмаркаи ҷойҳои кори доимӣ ба ҷавонони бешуғл ва намоиши дастранҷи ҳунармандони бо истифодаи қарзҳои хурди имтиёзнок ба соҳибкорӣ машғулбуда, оғозбахши тантанаҳои идона буданд.
Дар раванди ҷамъомади бошукӯҳи идона, ки дар варзишгоҳ бо ширкати беш аз 5000 нафар ҷавонони шаҳру деҳоти Исфара сурат гирифт, аҳли ҷамъомад ва дар симои онҳо кулли ҷавонони саодатёри шаҳру деҳоти Исфармарзро ба шарафи Рӯзи ҷавонон раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин самимонаву сидқан шодбош гуфт.
Мавсуф ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавононро далели равшани таваҷҷўҳ ва шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар арзёбӣ намуд ва ҳамзамон бо зикри дастовардҳои ҷавонони Исфарамарз дар самту соҳаҳои гуногун ба 21 нафар толибилмони фаъоли муассисаҳои таълимӣ идрори раиси шаҳри Исфараро тақдим намуд.
Табрикоти идонаи раиси вилояти Суғд ба ҷавонони Исфара аз ҷониби намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бобозода Хайрулло нек манзур гардид.
Саломзода Сиҷоуддин дар интиҳо изҳори умедворӣ аз он намуд, ки ҷавонони солимфикру некназар ва бонангу номуси диёр омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ҳифзу ҳимояи Ватанро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо мекунанд, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд.
Барномаи ҷолиби фарҳангие, ки саршор аз созу навои ҷавонӣ буд, тантанаи идонаро шукӯҳи тозае бахшид…

Маркази матбуотии раиси шаҳр