ДАР ОСОИШГОҲИ «ЗУМРАД» БОЗ ЯК ИНШООТИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАРҲОИ ХУДРО БОЗ НАМУД

Дар ин рӯзҳои нек, дар радифи дигар иқдомоти густурдаи созандаю бунёдкорона бо ташаббус ва мусоидати садорати Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Зумрад» як гӯшаи ноободи ин макон дар муддати кӯтоҳ азнавсозӣ ва дар ин замина қаҳвахонаи «Зумрад» бунёд гардид.

Иқдоми мазкур бо саъю эҳтимоми директори генералии ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» Абдумӯъмин Ҳалимов, ки якҷоя бо кормандонаш баҳри ободу хуррамгардонии ин макони биҳиштосо ҳамарӯза бедареғ заҳмат мекашанд, рӯйи кор омадааст.

Иншооти тозабунёд дар шафати чойхонаи «Сино», дар фазои кушоди соҳили дарёи шӯхоби Исфара ҷойгир буда, роҳраву гулгаштҳояш сабзу гулпӯшанд.

Ҷойи гумону шаку шубҳа нест, ки истироҳаткунандагону меҳмонони осоишгоҳ аз хушгузашти соате чанд аз умри азизи хеш шоду мамнун ва ҷумла ташрифкунандагон аз хизматрасонии ҳайати кормандони қаҳвахонаи «Зумрад» қонеъ ва ризоманд хоҳанд буд. Зеро, масъулияти мудирии қаҳвахонаро яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи кооператсия ва хӯроки умумӣ, Аълочии кооператсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ муовини раиси Ҷамъияти матлуботи вилояти Суғд ва раиси Ҷамъияти матлуботи шаҳри Исфара Муҳаммадсобир Ашӯров ба зимма дорад.

Қаҳвахона ҳамарӯза аз соати 10-00 то соати 22-00, мутобиқ ба дархости истироҳаткунандагони осоишгоҳ ва ҳам фармоиши шахсони алоҳида дар самти ташкилу баргузорсозии нишасту маҳфилҳои дастҷамъона ва ҳам чорабиниҳои оилавӣ фаъолият хоҳад бурд.

Ҳайати хидматгузори қаҳвахона беҳтарину хуштамътарин ғизоҳои милливу аврупориро манзури меҳмонон хоҳанд кард.