Рўйи хиёнаткори Ватан дар ду олам сиёх аст!

Зиндагии шоистаи имрўзаи мардуми кишвар тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, мухтарам Эмомалї Рахмон ва амалхои созандаву бунёдкоронаи мардуми шарафманди Точикистони азиз насиб гардидааст. Истиќлолият ва фазои амну субот Точикистони бихиштосои моро боз хам шукуфонтар сохтааст. Инро миллионхо мардуми сулххоху рўшанзамири олам эътирофу эхтиром месозанд. Аммо чашми чанд тани ангуштшумори фарзандони ношукру тирадилу мансабхохи ватанфурўш аз ин оромию пешравихо «сих» мезананд. Дар сархати ин хиёнаткорони миллат исми Мухиддин Кабирию хизби нахзати ў, ки феълан «мурда»-ву дар рўйхати ташкилоти экстремистию террористї тахти раќами 79 шомил шудааст, ном бурда мешавад. Аз ибтидо ТЭТ ХНИТ ба ин миллату сарзамини ачдоди нигохи нек надошт. Зеро бепарда аён буд, ки мањз ХНИТ ва саркардахои он ташкилотчи ва гунахгори асосии ходисањои фочиабори солхои 90 – уми асри гузашта дар Точикистон аст. Дар натичаи муќовимати шахрванди зиёда аз 150 хазор нафар кушта шуда, беш аз 1 миллион сокини осоишта фирори гардид. Ба иќтисодиёти Точикистон зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА хисорот расид. Дар хамин давра, бо рохнамои ва пуштибонии ТЭТ ХНИТ беш аз 500 нафар чавонони точикистони барои таълимгири ба марказхои террористии хоричи фиристода шуданд. Айни замон аксарияти онхо узви фаъоли созмонњои террористї ва экстремистї мебошанд. Мутаассифона, зиёда аз 1100 нафар шањрвандони Точикистон фирефтаи таблиги дасисакорон гаштанд, ки бештари ин гумрохон хамрохи зану фарзандхояшон дар кишвархои чангзадаи Сурияву Ироќ ва дигар мамолики Ховари Наздик сарсону саргардон шудаанд. Харчанд Хукумати нави кишвар ва шахсан Сарвари Давлат мухтарам Эмомалї Рахмон баъди даргирихои дохилии солхои 90- уми асри гузашта гунохи онхоро авф кард, барои ба Ватан баргаштанашон мусоидат намуд ва умед доштанд, ки онхо бо дилу нияти покиза ба давлату миллати хеш содиќона хизмат мекунанд, аммо онхо аз рохи хиёнат ва ниятхои шуми хеш барнагаштанд. Ба таъбири мардумх «гургзода оќибат гург шавад» ва саркардахои ХНИТ дигарбора хостгори куштору барангехтани кинаву адоват ва халалдорсозии авзои чомеа шуданд.