ҲИМОЯТ АЗ ИСЛОМ ВА Ё ДИДАВУ ДОНИСТА БА ОН ХИЁНАТ МЕКУНАНД?!

Дилам ба миллати гумроҳшудаистодаам месӯзад, ки худро бо дасти худ нест кардан мехоҳад.

Манзурам аз чунин номгузорӣ кардани ин порча аз он аст, ки ҳамарӯза дар баромадҳои худ Президенти кишварамон Эмомалї Раҳмон таъкид менамоянд, ки ояндаи ин ватану ин миллат аз ҷавонон асту аз илму фарҳанги онҳо вобаста аст. Аммо, мутаассифона имрӯзҳо аксарияти ҷавонони мо, ки солҳои авҷи камолоти худро дар муҳоҷират гузаронидаанду на аз илму фарҳанг ва на аз гўшаи ватандориву ватанпарастӣ  хабаре надоранд, ҳатто меҳре ба ин ватани азиз дар онҳо эҳсос карда намешавад. Бар замми ин ин гурӯҳи ҷавонони аз дунё бехабари гумроҳ, ки дар муҳоҷират ба майнаҳои онҳо таъсири манфии ҷиддие расонидаанд, ба бегонапарастиҳо машғул шуда, зидди ҳамагуна тасмимҳои пешгирифтаи давлату ҳукумат, ки аз онҳо бўе намебаранд, ҳарф мезананд. Барои мисол, акнун намояндагони ҲНИТ ва Ҳоҷи Ҳалим-ашхосе, ки хоини миллат будани худро дар амалҳои пешгирифтаашон тасдиқ кардаву ҷони чандин ҷавонмардони ҳақиќии тоҷикро бурда, боз як бори кушиши вайрон кардани вазъи сиёсии мамлакатро карданд, баъзеҳо аллакай хоинон неву қурбошудагони қаҳрамону адолатпараст эълон кардаву миёни ҳамдигар пичир-пичир карда гаштаанд. Ҳол он ки дар гузаштаи на он қадар дур насли аз болотар аз 35-40-солаи тоҷик шоҳиди он шуда буд, ки ҳамаи ин қаҳрамониҳои ин гуна нохалафон танҳо аз барои мансабу курсињои роҳбарикунандаи ҳукумат беш нест. Агар то имрӯз муовини вазир будан барои ин ашхос басандагӣ мекард, имрӯз талаботаш зиёдтар шудааст магар, ки бар зидди миллату ҳукумат, сарзамине, ки то ҳол доғи хуни ҷанги шаҳрвандӣ аз заминаш нарафтааст, яроқ бардоштаву дасисаандозӣ менамоянд? Не албатта, ин талаботи хоҷагони хориҷии онҳост. Ҳар як ҳизби сиёсие, ки ба фаъолият оғоз мекунад, мақсади асосиаш бояд саҳмгузорӣ дар пешрафту тарақиёти давлату миллат бошад, на ин ки иғвоандозӣ миёни мардум. Аммо, мутаасифона имрӯзҳо душманони миллати мо барои амласозии нақшаҳои нопоки худ ҳамкорӣ бо намояндагони ҲНИТ-ро истифода бурданд, ки агар аз як тараф ба мафкураи омма таъсири манфӣ нисбати ин ҳизб расонида бошад, аз тарафи дигар динни Исломи Тоҷикистонро дар чашми ҷаҳониён костагашта нишон дод, ки ин натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи шабонарӯзии намояндагону саркардагони ҲНИТ аст. Динни мубини Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизбу ҳаракат эҳтиёҷ надорад, бародарони азиз! Бо таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои худ чунин як динни покизаро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун динни террористон ва намояндагони онро ҳамчуни террористони исломӣ машҳур кардаед, ки фикр мекунам ин хизмат да дин набуда, балки хиёнат аст.

 Қомати рости гузаштагонамонро дар саҳифаҳои таърих шикастаем.    Мардуми тоҷик дар таърих ҳамчун як мардуми далеру шуҷоъ шинохта шуда, фарзандони фарзонаи он ба муқобили Искандари ҷаҳонгиру кўчманчиҳои муғул, ғосибони Темурлангу ҷанговарони араб далерию шуҷоат нишон додаву овозаи ғаюрии ин мардумро дар ҷаҳон паҳн карда буданд. Барои мисол, дар мубориза бо Искандари Мақдунӣ овозаи Спитамени шуҷоъ дар саросари Аврупо паҳн шуда буд ва ҳатто духтарони Аврупоӣ ғоибона ба ӯ ошиқ шуда буданд. Имрӯзҳо бошад махсусан баъзе ҷавонони рӯбоҳсирати мо обирӯи чунин гузаштагони ғаюри моро резонида,  доғ ба саҳфаҳои таърихи мардуми бузургам мегузоранд. Шояд аз бекорӣ бошад, ки баъзеи ҷавонон ба қавле занаксифат шудаву корашон шабу рӯз нақшакашӣ барои вайрон кардани сулҳу суботи бо хуни 150 000 ҷавонони тоҷик ба даст овардаи мардуми шарифи тоҷикистонанд. Чунин ашхос махсусан миёни ҷавонони ба қавли худ “намозгузорони панҷвақта” зиёд аст, њол он ки фитнаангезї дар дини мубини Ислом аз сахттарин гуноњњо буда, фитнаангез сахт мањкум мешавад.

Фарҳанги моро нест карда истодаанд.

 Забони тоҷикӣ яке бузургтарин забонҳои дунё, аввалин забони умумиҷаҳонӣ, ки дуюминаш имрӯз забони англисӣ аст, забоне, ки бо он поягузорони асосии илмҳои дақиқу гуманитарии рӯи олам асарҳо офаридаанд, забоне, ки арабҳо бо вуҷуди бор кардани фарҳанги худу маҷбур  кардани мардум барои аз худ намудани забони арабӣ, бо вуҷуди қудрати нотакрорашон, ки аксарият давлатҳои забткардаашонро боркардаву онҳоро ба араб табдил доданд, қолаби забони тоҷикиро шикаста натавонистанд. Мутаассифона, имрӯз мо бо дасти худ кореро, ки зиёда аз ҳазор сол пеш аљнабиён тўли асрҳо заҳмат кашидаву  натавонистанд, барои онҳо карда истодаем. Пайравї ба сару либос, тарзи сухангӯї, рақс, шакли ришмонию мӯисармонӣ рӯз аз рӯз худамон аз фарҳанги аслии худ бо ихтиёри худ фарсахҳо дур рафта истодаем. Маҳз ана ҳамин бегонапарастамон буд, ки дастовардҳои бузургамонро ба монанди давлатҳои Каёниёну Сафориён, Сосониёну Сомониён, шаҳрҳои азимамон, ки нишонаҳои бузургтарин аз фарҳанги волои миллати шарифамон буд, ба монанди Самарқанду Бухоро, Тоҷмаҳал, ки яке аз ҳафт муъҷизаҳои олам асту асосгузоронаш тоҷикони тоҷдор, аз даст додаем. Бадхоҳони миллати мо ба ҳамаи ин қаноат  накарда, порчаҳои охирини сарзамини тоҷиконро нест карданиянд.

Ҳимоят аз фарҳанги миллӣ ё антиислом.

Имрӯзҳо бо ташаббуси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари мамлакат як қатор чораҳо оид ба масъалаи дар боло зикргардида, андешида шуда истодаанд. Пеш аз ҳама пешгирӣ аз тақлидкории занону духтарон бо либосҳои Аврупоиву арабӣ, ки нишондиҳандаи асосии фарҳангу маданият, яъне симои фарҳанги миллӣ аст, аз қабили инҳост. Чунин тасмимҳои давлату ҳукумат ба ҷуз ҳимоят аз фарҳанги миллӣ чизе беш нест, аммо мутаассифона душманони миллати мо аз гумроҳшудагони миллат истифода бурда, ин роҳи пешгирифтаи давлату ҳукуматро, ки барои ин ватану миллат хизмати азимест, ғайриисломӣ эълон карда, бо ин васила кушиши вазъи сиёсии кишвари моро ноором карданро мекунанд. Барои амалӣ гаштани нақшаҳои худ аз ҳама гуна воситаҳо истифода мебаранд, ки дасисабозиву иғвоандозӣ, муртаду ғайриислом эълон кардани мардуми шарифи тоҷик аз ин шумор аст. Таҳдидҳои пайдарҳам аз кишварҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ, суханҳои беҷои ноадолатонаи нотиќони дар шабакаҳои телевизиониву интернетӣ баромад мекардагӣ шаҳодати гуфтаҳои болост.