ДАРОМАДГОҲИ ШАҲРИ ИСФАРА АЗНАВСОЗӢ ВА ОБОД МЕГАРДАД

Бо иқдоми раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин даромадгоҳи шаҳри Исфара мутобиқ ба талаботи меъмории муосир ва фарҳанги шаҳрдорӣ мавриди азнавсозӣ қарор дошта, як моҳ пас аз ин симои комилан тозае ба худ хоҳад гирифт.
Дар ин ҳудуд сохтмони иншооти пазиройии меҳмонон, ҷойи дамгирӣ ва мошинмонӣ, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди боғи ҳозиразамон, кабудизор ва гулзорнамоии қитъаҳои замини атрофи он аз ҷониби бинокорони гулдасти Ширкати сохтмонии Исфара сурат мегирад.
Дар пештоқи иншоот рамзи Исфара, ки аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳр тасдиқ гардидааст, насб мегардад.
Ҷойизи зикр аст, ки дар ин амалигашти ин иқдоми неку созандаю бунёдкорона ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр низ бо амри дилу эҳсоси баланди ватандорӣ амалан саҳмгузорӣ мекунанд.
Бино бар гуфтори муовини раиси шаҳр Собит Умарзода арзиши лоиҳавии корҳои сохтмонӣ тақрибан 1 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи нақшаи шаҳрдорӣ сокинони шаҳр тантанаҳои идонаи худро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ин мавзейи тозабунёд баргузор хоҳанд кард.

Маркази матбуотии раиси шаҳр