МУЛОҚОТИ СУДМАНДУ СОЗАНДАИ САЛОМЗОДА СИҶОУДДИН ВА ОЛИВЕР НОРМАНД БОБАТИ ТАЪМИНИ 6753 ХОНАВОДА Ё ХУД 41405 НАФАР АҲОЛИИ ДЕҲОТИ ИСФАРА БО ОБИ ТОЗАИ НӮШОКӢ

Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин роҳбари Намояндагии Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон Оливер Норманд ва ҳамроҳонаш — роҳбари миллии лоиҳаи «Таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ ва санитария, водии Фарғона, Тоҷикистон» Махфират Абдуллоева, ҳамоҳангсози лоиҳа Роҳбар Ҳомидова, муҳандиси лоиҳа Акмал Акбаровро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот рафти амалигашти лоиҳаи «Таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ ва санитария, водии Фарғона, Тоҷикистон» дар деҳоти шаҳри Исфара, ки бо маблағгузории Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва хамкорӣ ва саҳмгузории аҳолӣ, ки аз соли 2014 то инҷониб сурат мегирад, мавриди баррасӣ қарор ёфт.

Тавре зикр гардид, дар раванди амалигашти лоиҳа аз 5283 хоҷагии оилавии мавҷудаи деҳот бо шумори 33475 нафар аҳолӣ, бо пайвастшавии инфиродӣ 3082 хоҷагӣ ва ё 26700 нафар сокинон аллакай бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардидаанд ва кор дар ин самт идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки маблағи умумии лоиҳаи сохтмони шабакаи оби нӯшокӣ дар деҳоти Кӯлканд, Чилгазӣ ва Боғистони шаҳри Исфара 7 миллиону 979 ҳазору 451 сомонӣ буда, саҳми Котиботи байналхалқии захираҳои об 5 миллиону 340 ҳазору 451 сомонӣ ва саҳми аҳолии деҳоти номбурда 2 миллиону 639 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар раванди мулоқот Саломзода Сиҷоуддин ва Оливер Норманд пиромуни масъалаи зарурати ҷудо намудани қитъаи замини мувофиқ барои бунёди обанбор (2 ҳавзи обнигаҳдорӣ) дар деҳоти Кӯлканд ва ҳам оғози лоиҳаи «Барқарорсозии хати оби нӯшокии деҳаҳои Лаккон ва Даҳанаи ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара» бо арзиши лоиҳавии 4 миллион сомонӣ табодули назар намуданд.

Дар натиҷаи амалигашти лоиҳаи мазкур 1470 хонавода ё худ 7930 нафар сокинони деҳоти Лаккон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардида, ҳамчунон хатҳои оби нӯшокӣ ва ташноби Беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳӣ аз нав барқарор карда хоҳад шуд.

Лоиҳа бо саҳмгузории Котибот дар ҳаҷми 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба миқдори 500 ҳазор сомонӣ ва 650 ҳазор сомонӣ саҳми аҳолӣ давоми соли равон амалӣ карда хоҳад шуд.

Маркази матбуотии раиси шаҳри Исфара