Таҷлили 73 солагии Ғалаба

Дар шаҳру деҳоти Исфара 73 солагии пирўзи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравиро аз болои фашизми гитлерū  бо сипосгузории бекарон нисбат ба падару бобоёни қаҳрамон ва меҳнаткашони мушкилнописанди ақибгоҳи солҳои 1941-1945, ҳамчунин шукргузории бепоён ба соҳибдавлативу ҳаёти осудаву ором таҷлил намуданд.

Нахуст собиқадорони ҶБВ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатū ва ҷомеаҳои меҳнатū бо нишони арҷгузорū ба фидокории аскарону афсарони шаҳидгаштаи Артиши шуҷои Шуравū дар қабристони бародарū  гулчанбарҳои тару тоза гузоштанд.

Баъдан дар майдони Ғалабаи шаҳр бо иштироки роҳбарияти МИҲД, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр чорабинии идона сурат гирифт.

Ширкатдорони чорабинии идона дар ин ҷо низ  бо рамзи гиромидошти хотираи шаҳидони ин ҷанг  дар пояи муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузошта бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёнро пос доштанд.

Баъди садо додани суруди миллӣ, дар назди собиқадорони ҶБВ, набардҳо дар Афғонистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатū, ҷомеаҳои меҳнатū, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аскарону афсарони қисмҳои низомū ва омўзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимū раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин баромад намуда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли ҳамдиёронро ба муносибати 73-юмин солгарди ғалаба бар зидди фашизм табрику муборакбод намуд.

Раиси шаҳр  оид ба корнамоиҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик, ки дар майдонҳои набард баҳри озодии диёр ва осудагии ҳамдиёрони хеш ҷонбозиҳо карданд,  суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар ин ғалабаи оламшумул баробари намояндагони дигар халқу миллатҳо фарзандони бонангу номуси тоҷику тоҷикистонӣ низ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар набардҳои сангин зиёда аз 300 ҳазор ҷанговари тоҷикистонӣ аз рўзҳои аввали ҷанг дар майдони ҳарбу зарбҳои хунин, ҳамроҳи рафиқони ҳамяроқи гуногунмиллат ба муқобили душман ҷангида, Ватани худро бо фидокориҳои бемислу монанд муҳофизат намуданд. Дар қатори ҳазорон муборизони ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз 7389 нафар родмардони Исфара низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, 1049 нафарашон ба хотири ҳимояи ояндаи осудаи инсоният ҷони худро қурбон кардаанд.

Аз 5440 нафар фарзандони зафарманди бо пирӯзиву сарбаландӣ ба Ватан баргаштаи Исфара, ки минбаъд барои пешрафти ҷомеа  ва фароҳамсохти рӯзгори ободу осудаи имрӯзаи мо заҳмат кашидаанд, 5427 нафари онҳо захмҳои ҷанг дар дилу тан тайи 73-соли гузашта фавтидаанд.

Намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода  зимни суханронии худ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо кулли мардуми вилоятро ба ифтихори Рўзи Ғалабаи бузург табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодати рўзгор, барору комёбӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинū суруду таронаҳои маълуму машҳури давраи ҶБВ ва васфкунандаи Ватану мардуми матиниродаи сарзамин садо доданд.

Сўҳбати гарми собиқадорони арсаҳои ҷангу меҳнат сари мизи идона дар маҷмааи «Марворид»-и маркази шаҳр  анҷомбахши чорабинū гардид.