СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГ БАРОИ НАСЛИ ИМРЎЗА ТИМСОЛИ МАРДОНАГӢ ВА МЕҲАНПАРАСТӢ ҲАСТАНД.

Ба 13 тан аз собиқадорон ва меҳнаткашони арсаи оқибгоҳи дар ҳаётбудаи Ҷанги Бузурги Ватании маскуни шаҳри Исфара 4 майи соли 2018 туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мукофотҳои пулии раисони вилояти Суғд ва шаҳри Исфара супорида шуданд.
Тибқи дастури раиси шаҳри Исфара раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва сарварони ҷомеаҳои меҳнатӣ ин рӯзҳо дидорбинию аёдат ва қадршиносии собиқадорони ҷанг ва меҳнаткашони арсаи оқибгоҳро ба ҷо меоранд.
Тавре шаҳрдори Исфара зимни суханронии хеш ҳамчунон таъкид дошт: -«Ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони дар имтиёз бо онҳо баробар вазифаи ҷонии мақомоти марбута, инчунин қарзи инсонии аҳли ҷомеа мебошад».
Тазаккур бояд дод, ки мутобиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат масъалаи дастрасии собиқадорони ҷангу меҳнат ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ таҳти таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.