Бо мақсади таъмини иҷрои қарори

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз 27-уми апрели соли 2018, №8 “Дар бораи таҷлили Рӯзи Ғалаба”, гиромидошти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, тарғибу ташфиқи фидокориву ҷонисориашон дар ғалаба аз болои Германияи фашистӣ, дастгирии маънавӣ ва моддии онҳо, тарбияи  насли наврас дар руҳияи баланди ватандӯстӣ дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣаёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро ба роҳ монд.

Аз 7389 нафар ҷавонони шуҷои шаҳру деҳоти Исфара ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ сафарбаргардида, 1949 нафар дар майдонҳои набард қаҳрамонӣ нишон додаву ҳалок гардиданд. Давоми солҳои 1945-1950 5440 нафар бо сари баланд, бо ордену медалҳои ҷангӣ, ки сари синаи онҳоро оро медоданд ба Ватан баргаштанд.

13 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки алҳол давлати пирӣ меронанд, аз ҷумла: дар деҳоти Хонобод — Урмонов Раҷаб, Қаюмов Абдувалӣ, Қосимов Мӯъмин, Бобоев Ҷӯрабой; деҳоти Чоркӯҳ — Асламов Аббос; деҳоти Чилгазӣ — Зоҳидов Иосиф; деҳоти Ворух Сулаймонов Мамашариф, Шокиров Зокир, Сунатов Бобо, Додобоев Давлат; шаҳраки Нефтобод — Самадов Охун ва маркази шаҳр — Изидинов Виктор, Мирзоортиқов Ӯлмас аёдат карда шуданд.

Пирони барнодил ба роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, хосатан ба Раиси муаззами он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории доимӣ нисбати собиқадорон изҳори   миннатдорӣ намуда,  ҷиҳати саҳмгузории минбаъда дар раванди пешбурди иқтисодиёту иҷитимоиёти шаҳр ва баланд бардории некуаҳволии мардум дар ҳаққи аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷонибдорони он  дуои нек карданд.

 

КИ ҲХДТ

дар шаҳри Исфара