ОСОИШГОҲИ ЗУМРАД БАРОИ ХУД МУТАХАССИС ОМОДА МЕКУНАД.

Бо сарпарастии маъмурияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Зумрад» айни замон 8 нафар ҷавонон аз шаҳру деҳоти Исфара дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил доранд.

Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар раванди мулоқоти худ бо донишҷӯёни исфарагӣ — муҳассилину ҳунаромӯзони муасисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии пойтахти мамлакат, ташаббуси нек ва иқдоми ояндабинонаи маъмурияти осоишгоҳро арзандаи таҳсин ва барои дигар ҷомеаҳои меҳнатӣ – корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳр шоистаи ибрату пайравӣ арзёбӣ намуд.

Дар раванди вохӯрию мулоқот сарвари ососишгоҳ Абдумумин Ҳалимов ширкат варзида, низ бо донишҷӯён аз наздик суҳбату мулоқот дошт.
Бино бар гуфтори мавсуф пардохти маблағи таҳсили донишҷӯён аз ҷониби осоишгоҳ сурат мегирад ва баъди хатми таҳсил онҳо дар осоишгоҳ бо ҷойи кор таъмин карда хоҳанд шуд.

Тазаккур бояд дод, ки айни замон дар осоишгоҳ сохтмони бинои 9 ошёнаи меҳмонхона ва маркази муосиру ташхисию табобатии сеошёна идома дошта, тибқи нақша сохтмони иншооти мазкур соли 2019 ба итмом мерасад ва барои истироҳаткунандагону табобатгирандагон 6еш аз 600 ҷойи нав ташкил муҳайё мегардад.

Яъне, мутаносибан, эҳтиёҷоти осоишгоҳи Зумрад ба мутахассисони варзидаю баландихтисоси тиббию осоишгоҳӣ дар давоми ду соли оянда ба маротиб зиёд хоҳад гашт.

Ҳадаф аз тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа, бунёди иншоотҳои ҳозиразамон ва харидории дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ мутобиқсозии сатҳу сифати хизматрасонии осоишгоҳ ба дараҷаи байналмилалӣ дар ояндаи наздик арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуотии раиси шаҳри Исфара