Тақвияти мақоми зан

Тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Зебуниссо” ва “Ваҳдат” бо аъзо ва ҷонибдоронаш бобати тақвияти мақоми зан дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ мулоқот доир намуд.
Мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Фотима Тоҷибоева дар мулоқот изҳор кард, ки ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ шурӯъ шуда бошанд ҳам, соҳибистиқлолии кишвар ин равандро хеле ташаккул ва инкишоф дод. Маҳз Раиси ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳоро фароҳам оварданд, то занони қавииродаву боҷуръат ба арсаи сиёсиву иҷтимоии кишвар ворид гарданд.
Занону модарони бонангу номус ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд. Танҳо ба хотир овардани нақши Гулафзо Савриддинова, ки ба хотири ҳифзи ҳуқуқи занон ва ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ба арсаи муборизаҳои сиёсӣ ба ҳайси вакили мардуми Исфара дар Маҷлиси намояндагон ва ду даъват муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштанд, дар ин самт басандааст.
Дар таърихи Исфара занони шуҷоъ, идомадиҳандагони анъанаҳои неки Ашӯрбибӣ Азимова, Суфроапа Боқиева, Очахон Тошхӯҷаева, Бишолор Аҳмадова, Розия Назарова, Маҳбуба Содиқова, Ҳамзия Муллоева, Маҳбуба Турсунова ва даҳҳо дигарон кам нестанд.
Ба шарофтаи сиёсати хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии Барномаи ҳизб дар самти таъмини мавқеи зан дар ҷомеа алҳол бонувони тоҷик, сиёсатмадори варзида,  роҳбари кордон,  тарбиятгару омӯзгори меҳрубон, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ аст.
Раиси ташкилоти ибтидоии “Зебунисса” Софияхон Ҷалилова оиди истифодаи самараноки таҷрибаи ҳаётан зарурии модарони шӯҳратманди Исфара андешаронӣ карда зикр намуд, ки дар гузаштаи начандон дур тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ дар сатҳи воло қарор дошт. Модарон ҳангоми қабули хостгорҳо аввал мепурсиданд, ки фарзанди хостгор хизмати ҳарбиро адо кардааст ё не. Соҳибхона хулоса мебаровард, ки ҷавони Модар – Ватан- ро ҳимият накарда аз ӯҳдаи ҳимояи ҳамсараш ҳам баромада наметавонад. Аз ин рӯ ба чунин хостгорон ҳатман ҷавоби радро медоданд. Аммо афсӯс, ки имрӯзҳо ин анъанаи нек аз байн рафта, ҷавонони эркаву тарсу, ки аз ӯҳдаи хизмати ватан набаромаданд, соҳиби оила гашта баъди ду се сол оилаашро аз даст медиҳад.
Сару либоси мактабӣ, маърифати либоспӯшиву либоснигоҳдорӣ, тозагиву ободонии муассиса, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ” омодагӣ ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изрҳори андеша кард.
Гурӯҳи таблиғотии КИ ҲХДТ
дар шаҳри Исфара