САЛОМЗОДА СИҶОУДДИН ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ИСФАРА ИНТИХОБ ГАРДИД.

22 апрели соли 2018 дар ҳавзаи интихоботии “Бинокор” №8-и шаҳри Исфара интихобот ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара ба ивази вакили хориҷшуда муташаккилона сурат гирифт.
Тазаккур бояд дод, ки номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати V) ба ивази вакили хориҷшуда ба ҳавзаи интихоботии шаҳрии “Бинокор” №8 аз ҷониби вакилони конференсияи XXVII-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара пешбарӣ ва аз тарафи комиссияи шаҳрӣ ба қайд гирифта шуда буд.
Ҳавзаи интихоботии мазкур фарогири 2 участкаи интихоботӣ буда, дар ҳудуди он ¬¬¬3529 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шудаанд ва дар рӯзи интихобот 17 нафар шаҳрвандони ҷавон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии хеш бори аввал дар ин маъракаи муҳим ширкат доштанд.
Дар ҷамъомади тантанавиии қабл аз оғози маърака суратгирифта, ба ҷавононе, ки аввалин бор дар интихобот ширкат варзида ва ҳам ба чанде аз собиқадорону куҳансолтарин интихобкунандагон аз ҷониби ҳавзаи интихоботӣ туҳфаҳои хотиравӣ бо нишонаи Даҳсолаи «Об барои рушди устувор 2018-2028» ва асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.
Бино бар иттилои раиси комиссияи интихоботии шаҳрӣ Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев аз шумораи умумии интихобкунандагон 3046 нафар дар овоздиҳӣ иштирок варзида, 82,1 дар сади онон ба тарафдории Саломзода Сиҷоуддин овоз додаанд.
Мутобиқи моддаҳои 42, 46 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ», дар асоси қарори комиссияи шаҳрии интихобот Саломзода Сиҷоуддин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии №8 «Бинокор» интихоб гардид – изҳор намуд Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев.

Маркази матбуотии раиси шаҳр