Мо метавонем муҳити зистамонро ба гулистон, боғу бӯстон ва истироҳатгоҳи хеш табдил диҳем

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар  коллеҷи тиббии шаҳри Исфара таҳти унвони “Мо метавонем, шаҳрамонро ободу озода нигоҳ дорем” ҷавобан ба иқдоми иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин ҳашари ободонии маҳалли зист, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбе (21-22-уми апрел) баргузор мегардад шаш гурӯҳи ташаббускор созмон дод.

Дар рафти ҷамъомади мазкур муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара О.Аҳмадов оид ба саҳмгирии ҷавонон дар корҳои ободониву созандагӣ, тозаву намунавӣ нигоҳ доштани атрофи манзили истиқоматӣ, гулзор намудани кӯчаву майдончаҳои назди биноҳо дастур дода, бо мазмуни Муроҷиатнома ва буклети “Оби тоза  – асоси ҳаёти солим” шинос намуд.

Баъди нисфирӯзӣ аъзои гурӯҳҳои ташаббускор бо сокинони маҳаллаҳои Бинокор, 9,10 ва кӯчаҳои Н.Ҳайитов, У.Хайём, Себзор сӯҳбату мулоқотҳои сарироҳ доир намуда, ба онҳо Муроҷиатнома ва буклети “Оби тоза  – асоси ҳаёти солим” дастрас намуданд.

Дар муроҷиатнома зикр гардида аст, ки ҳар як гӯшаи Исфара бо боду ҳавои форам ва муҳити дилангезаш макони зист гашта, дар дилу дидаи сокинонаш маъво гирифтааст. Ободиву оромӣ ва шукуфоии атрофи манзили зистамон аз маърифат, маданият ва муносибати ҳар яки мо вобаста мебошад.

Агар ҳар як бошандаи манзил ва макон ба атрофаш бо чашми харидорӣ нигариста, ба ободонии он камари ҳиммат бандад, роҳрав, майдончаҳои назди ҳавлигӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ба макони истироҳату фароғат мубаддал мегардад.

Биёед азизон рӯзҳои шанбе ва якшанбе (21-22-уми апрел) ҳама чун як тан ба ҳашари ободонии манзили хеш баромада, муҳитамонро ободу тоза ва ба гулзор табдил диҳем.

 

КИ ҲХДТ

дар шаҳри Исфара