ҲНИТ, ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН, ИФРОТГАРОӢ ВА ХИЁНАТ

Тўли чанд сол буд, ки ҳизби ҳоло мамнуъи наҳзати исломӣ дар саҳнаи сиёсат ҷавлон мекард ва дар ниқоби «озодии баён» фикру андешаҳои ботили худро бар сари мардум тавассути рўзномаву сайти интернетиаш бор мекард. Ҳоло он ки мардум дигар зирак шудаву ба суханҳои пўчу мемағз гўш намедиҳад.

29  сентябри соли 2015  аз тарафи  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон шуд. Ин ба он хотир буд, ки дар сиёсати ин ҳизб амалҳои ифротгароӣ зиёд ба чашм мерасид. Ифротгароӣ имрўз ба мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст. Воқеаҳое, ки рўзҳои охир дар Тоҷикиситон ба вуқўъ пайвастанд, роҳбарияти Ҳукумати мамлакатро  водор сохтанд, ки нисбат ба ин масъала бетафовут набошанд ва ваҳдати бо душворӣ ба даст омадаро ҳифз намоянд.

Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурўҳҳои ифротгаро, ки бо ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдору корҳояшон нуфуз ва қадри исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд. Ҳоло  дар Ироқ, Сурия, Либия, Яман ҳокимияти давлатии комил вуҷуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳо хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудан таҳдид мекунад.

Баста шудани ҲНИТ бо фаъолияти мазҳаби Абуҳанифа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагие надорад. Фаъолияти ҳизбҳои тундгарои сиёсии динию ғайридинӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ пайдо шудаанд. Таъсири манҳус ва баде, ки ба фаъолияти ҳизбҳои гуногун расонида шуда буд, аз вазъи ноороми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарчашма гирифтааст. Солҳои 70-80-уми асри гузашта теъдоди бузурги лоиҳаҳои исломӣ бо дастгирии кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ба муқобили будубоши нерўҳои шўравӣ дар қаламрави Афғонистон роҳандозӣ гардид, ки он мазҳаби ҳанафии Покистон ва Афғонистонро ба мазҳаби тундгарои ҷанговар табдил дод ва таъсири он ба баъзе рўҳониён ва гурўҳҳои ҷомеаи мо низ расид. Бинобар ҳамин, метавон гуфт, ки баста шудани ҲНИТ ягон пайомади манфӣ нахоҳад дошт

Баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон саривақтӣ мебошад, зеро ислом ба ҳеҷ ҳизб ниёз надорад. Аслан байни дин ва сиёсат як фарқияти калон вуҷуд дорад-асли дин эътиқод аст, сиёсат бошад масъалаҳои идоракунии ҷомеаро ҳал мекунад. Дар шароити имрўза, ки дар натиҷаи ба сиёсат омехта кардани дин дар гўшаҳои гуногуни олами ислом ин қадар низоъ ва амалҳои номатлуб рўй дода истодаанд, чунин мешуморем, ки баста шудани фаъолияти ҳизб айни ҳамон чизест, ки имрўз ҷомеаи тоҷик ба он ниёз дорад ва амалӣ шудани онро тақозо дорад. Он ҳодисаҳои мудҳише, ки дар ибтидои моҳи сентябр дар мамлакат ба амал омаданд, бори дигар собит намуд, ки воқеан ҳам ба сиёсат омехта кардани дин натиҷаҳои зараровар ва манфӣ ба бор меоранд. Гуфтан мумкин ба ҷойи пешрафти ҷомеаро таъмин намудан, баръакс ҷомеаи мусулмониро чун дигар кишварҳои олами ислом ба монанди Сурия, Ироқ, Афғонистон даҳсолаҳо ба қафо мепартояд.

Мавқеи Ҳизби наҳзати исломӣ аз таҳаммулгароӣ ба ифротгароӣ тағйир наёфтааст, балки ифротгароӣ асли сиришти Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, зеро ифротгароии худро ин ҳизб аллакай дар ҳодисаҳои солҳои гузашта нишон дода буд. Ман фикр мекунам, ки таҳаммулгароии ин ҳизб ё ин ки мавқеи сабрро пеша намудани ин ҳизб ва роҳбарияти он муваққатӣ буд, чунки шароит имкон намедод, ки онҳо чеҳраи аслии худро нишон диҳанд. Онҳо мунтазири фурсати муносиб буданд. Таҳаммулгароии онҳо муваққатӣ ва барои пинҳон кардани ҳадафҳои аслӣ буд, мунтазир буданд, ки хуҷаинҳои хориҷиашон ба онҳо ишорае кунанд ва ё дар муҳити дохилии ҷомеаи мо барои онҳо фурсати муносиб пайдо шавад ва онҳо аз худ дарак диҳанд.

Камбахтона, имрўз ҳастанд онҳое, ки бо тарғиби рўҳониёни ҷоҳил, исломиёни сиёсатгаро кўркўрона рафтори он хуношомонро ҳақ бароварданӣ мешаванд ва ин сиёсати ваҳдаткушро нисбат ба парчамбардорони чароғи маърифат идома доданӣ мешаванд. Мабод он рўз! Чароғи маърифат хомўш нахоҳад гардид, чунки мардуми шарифи Тоҷикистон оқибати исломи сиёсӣ, сиёсати хавфнокро медонад ва роҳ  нахоҳад дод, ки ҷомеа дубора ба хоку хун оғўшта гардад. Ҳоло аз он муддат вақти зиёд нагузаштааст, ки рўҳониёни ҷоҳил аз нав сар бароварда, бо ташвиқи гурўҳҳои тамаъкор, ҳизбҳои дурўғин ва авомфиреб чун ҳизби наҳзати исломӣ муаллимро кофир ва ҷанозаашро нораво эълон карданд. Ин хатар ҳоло ҳам аз миён нарафтааст. Агар пеши роҳи ин ҷоҳилон гирифта нашавад, ба таъбири устод Садриддин Айнӣ, ба даҳонашон мўҳри хомўшӣ зада нашавад, дере нагузашта, ҳазору як шарти дигар ба миён мегузоранд, чун: нодуруст будани ҷашни сари соли нави милодӣ, Наврўз, Сада ва ғайраву ҳоказо. Дар тамоми таърихи мавҷудияти ислом Наврўзро манъ накарданд. Аммо имрўз «ҳомиён» ва «донишмандон»-и ислом пайдо шудаанд, ки Наврўзро куфр ҳисобиданд. Таърих магар рафтору кирдори ин ваҳшиёни ҷоҳилро кам дидааст? Имрўз ҳам ин ҷаҳолати онҳо дар ақсои олам аз тарафи гурўҳҳое бо номи Толибону ҷонибдорони ДОИШ ва ғайра идома дорад. Пас, биёед, ба хотири зиндагии осудаву оромии ин миллати заҳматкаш аз фиребу риё ва таассуб дур бошем.

23 ноябри соли 2016 дар рўзномаи «Ал-Аҳром»-и Ҷумҳурии Арабии Миср мақолаи рўзноманигор Саид Маҳмуд Диоб зери унвони «Ҳизби Наҳзати тоҷикӣ аз Осиёи Миёна бо Миср меҷангад» нашр гардид. Муҳтавои он мақола чунин аст: «Ҳизби Наҳзат, ки ақидааш аз гурўҳи «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, дурўғ мегўяд, бо дурўғ нафас мегирад. Даъвати гурўҳи номаълум барои гирдиҳамоии рўзи 11 ноябр дар Миср бар зидди ҳукумати кунунӣ, ки ихвониҳо бо тамоми ҳастии худ ба он омодагӣ диданд, аз ҷониби мардум тарафдор пайдо накард. Он рўз — рўзи ором гузашт. Рўзи фораме буд. Мардуми Миср даъватҳои шубҳаангези шахсони номаълумро нодида гирифт, зеро ин тоифаро чашми дидан надошт».

ҲНИТ баъд аз ба сари қудрат омадани «Ихвон-ул-муслимин» дар Миср мехост мардуми тоҷикро мутмаин созад, ки онҳо то ҳол қувва ва пайравон доранд. Аммо ҳақиқат хилофи онро нишон дода истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллион аҳолӣ дошта, дорои 1340 киллометр сарҳад бо кишвари Афғонистон мебошад. 95 дарсадди мардум мусалмон буда, аз мазҳаби Абу Ҳанифа пайравӣ мекунанд.

ҲНИТ бо амалҳои нопоки худ мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиё паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рўйи онҳо афтода, аҳдофи аслии онҳо ба ҳамагон маълум гашт.

Гурўҳи «Ихвон-ул-муслимин» душмании худро зидди Миср аз дохил ва хориҷ кофӣ нашумурда, ҳамсангарҳои худро аз Осиё Миёна, махсусан Ҳизби наҳзати террористиро дар муборизаи хеш ҷалб намуд.

Ҳизби Наҳзат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористӣ эълон гашта, бо ҳамяроқони ҳамсояаш, ба монанди «Ҷунбиши Исломии Узбекистони»«Гурўҳи Акрамия»«Ҳизби Таҳрир», «Ҷунди Хилофа» ва «Ҷунбиши Туркистони шарқии исломӣ» бо ҳукуматҳо мубориза мебарад. Ҳизби террористии Наҳзат мардумро барои харобкории рўзи «Ҷунбиши фақирон», ки 11 ноябр ба нақша гирифта шуда буд, даъват намуд.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби Наҳзати террористӣ ба мақсади инқилоб бар зидди Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноиби пешинаи вазири мудофиа -Абдулҳалими Назарзодаро ба бозӣ даровард. Хушбахтона, қувваҳои амниятӣ ҷони худро дар хатар гузошта, аз амалҳои номардонаи онҳо саривақт пешгирӣ намуданд. Дар рафти амалиёт қувваҳои амниятӣ 38 террористро нобуд сохта, 161 нафари дигарро дастгир намуданд. Дар натиҷа, аз террористон 520 адад аслиҳаи вазнин ва 11000 муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид. Бар асари задухўрд бо террористон 14 нафар аз афроди қувваҳои амниятӣ ба шаҳодат расиданд.

Бино ба таъкиди ВАО, Муҳиддин Кабирӣ пешво ва раиси ҳизби наҳзати террористӣ соли 2012 расман бо раиси барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ дар Қасри раёсат замони давлатдории «Ихвон-ул-муслимин» мулоқот кардааст. Гарчанде мулоқоти мазкур дар Миср зери пардаи махфият баргузор гардида бошад ҳам, Муҳиддин Кабирӣ пас аз бозгашташ ба Тоҷикистон хабари мазкурро аз тариқи нашрияҳо паҳн намуд. Новобаста ба ифшо нашудани тафсилоти  таоҳудоти байни ҷонибҳо, ин нишонаи ошкорои умқи алоқамандии ҳизби наҳзати террористӣ ва ҷамоати ихвониҳоро дар Миср нишон медиҳад

ҲНИТ-и террористӣ фаъолияти худро дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон рух дод,  ҳамчун «Ҷиҳод дар роҳи Худо» рўйпўш мекард, вале худи он дар асл сабабгори аслии ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад.

Сарфи назар аз лофҳое, ки «раис»-и имрўзаи «ҳизб» мегўяд, ки «мо барои тағйири низом аз хушунат истифода намебарем ва роҳи мо тағйири сиёсии ботадриҷ мебошад», ин гуфтаҳо худ далолат ба ҳамфикр будани ўро бо Ихвониҳо мекунад.

Ҳамчун хулоса гуфтан мумкин аст, ки ҳизби террористии Наҳзат бо гурўҳи «Ихвон-ул-муслимин» ҳамфикру ҳамҳадаф буда, яке аз шохаҳои хориҷии «Ихвон-ул-муслимин» ба шумор меравад. Гурўҳи «Ихвон-ул-муслимин» низ дар Миср баъд аз шуриши 30 июн, дар рўйхати гурўҳҳои террористӣ дарҷ гардид.