НАТИЧАБАРДОРИ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОХА

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи махалии ҳокимияти давлати таҳти раёсати ичрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Саломзода Сичоуддин ҷаласаи васеи фаъолон баргузор гардид, ки дар раванди он масъалахои натичабардори аз рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара дар давоми 3 моҳи сипаригаштаи соли 2018 ва муайян кардани вазифахо барои давраи минбаъда, гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи риоя ва иҷрои Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд «Оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содир намудани ҷиноят мусоидат намудаанд» мавриди баррасӣ карор дода шуданд.