Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ

Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ яке аз ҳадафҳои асосии барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, баҳри татбиқи амалии он Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Чилгазӣ бо аъзои ҳизб ва ҷонибдорони он мулоқот доир намуд.
Модарон дар мулоқот бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ, баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ изҳори андеша карданд.
Мудири бахши занони КИШ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Фотима Тоҷибоева оид ба мавқеъи зан дар ҷомеа гузориши муфассал пешниҳод.
Зимнан гуфта шуд, ки занони бофархангу боирода фарзандони худро ҳамеша аз овони кӯдакӣ ба хизмати харби химоят аз марзу буми Ватан ва сахмгузори дар раванди ободонии сарзамин омода мекунанд. Дар ҳар хонадоне, ки зан — модар соҳибмаълумоту ташаббускор аст, ҷавонон бо амри дилу вичдон, ихтиёран бахри адои хизмати Ватан — Модар камари ҳиммат мебанданд.
Дар мулоқот собиқадори ҳизб Сайёҳатхон Абдуллоева аз хозирин даъват ба амал овард, ки ба масъалаи таквияти худшиносӣ ва баландбардории хисси ифтихори миллии ҷавонон этибори хоса диҳанд. Танҳо тарбияи дуруст ва бо илму фанхои замона ба таври бояду шояд фаро гирифтани ҷавонон метавонад дар мукобили гаравиши ҷавонон ба ҳизбу харакатхои ифротии дини ва саркашӣ аз хизмати харби сипари боэътимод гардад.
Дар мулоқот хамчунин ду нафар сарбозони нав аз хизмати ҳарбӣ баргашта — Раҳимҷон Маҳмудов ва Муҳаммадсобир Шарипов баромад карда доир ба шарту шароитхои созгори хизмат дар кисмхои низоми маълумоти муфассал пеш оварданд.
Харфхои чанде аз модароне, ки алъон фарзандонашон дар сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон сарбаландона хизмат мекунанд аз эхсоси нишоту сарафрози ва ифтихори бепоён лабрез буданд.

Дар чамъбасти вохурие, ки дар дехаи Чилгази бо икдоми КИШ ХХДТ дар шахри Исфара баргузор гардид, тахти таъсири фазои механпарваронаи махфил ва суханони самимии садодода хонандаи синфи 10-уми муассисаи тахсилоти миёнаи умумии раками 36-и деха Илхомчон Умаров эълом дошт, ки харчанд у хануз ноболиг асту синнаш ба аскаршави намерасад, лекин у комилан омодааст, худи хозир ба хизмати харби равад