ШАҲРДОРИ ИСФАРА ЯКҶОЯ БО КИШОВАРЗОНИ НАВГИЛЕМ БА МАЪРАКАИ ПОМИДОРУ ГУЛКАРАМШИНОНӢ ОҒОЗ БАХШИД.

Субҳи 14 апрели соли равон раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» ҳамзамон бо шиносоӣ аз фаъолияти хоҷагидорон, шароити кору зисти аҳли меҳнат, боздиди гармхонаҳо, майдонҳои кишти гандуми тирамоҳӣ, фермаи ширию молии хоҷагӣ… дар оғози маъракаи помидору гулкарамшинонӣ ширкат варзид.
Ҷоизи зикр аст, ки Кооперативи тиҷоратии «Кишоварзони Навгилем» яке аз 2 хоҷагии калони кишоварзии Исфара маҳсуб меёбад, ки бо воридсозии картошкаи тухмии серҳосили навъҳои «Пикас» ва «Королева Анна» аҳли меҳнаташ аллакай дар майдони 20 гектар картошказор бунёд кардаанд.
Кишоварзони соҳибтаҷрибаи хоҷагӣ дар гармхонаҳо, ки масоҳати умумиашон 3000 м2-ро ташкил медиҳад, кӯчати 12 намуди помидорро омода карда, ният доранд дар майдони 150 гектар парвариши помидорро роҳандозӣ намоянд, ки назар ба соли пешин 15 гектар зиёдтар аст.
Ҳамчунон дар масоҳати 5 гектар кишту парвариши 3 намуди карам – «Слава», «Белорусская 455» ва гулкарам ба нақша гирифта шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти Кооперативи мазкур дар самти зотпарварӣ назаррас буда, дорои 360 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 131 сар моли ширдеҳ аст.
Шаҳрдори Исфара дар баробари дастурот ҷиҳати саривақт ва дар муҳлатҳои камтарин ба анҷом расонидани маъракаи кишт роҳбарияти хоҷагиро барои ташкили хӯроки гарм ва фароҳамсохти шароити беҳтари кориву истироҳатии аҳли заҳмат вазифадор намуд.
Маркази матбуотии раиси шаҳр