ИСФАРА. ФАЪОЛИЯТИ БОЗОРИ МОЛ ВА МАҲСУЛОТИ ӮЗБЕКИСТОН ТАҲТИ ТАВАҶҶУҲУ НАЗОРАТИ ДОИМИИ ШАҲРДОРӢ ҚАРОР ДОРАД

Субҳи рӯзи якшанбеи 15 апрели соли 2018 роҳбарияти шаҳри Исфара, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, сарварони ҷомеаҳои меҳнатӣ таҳти сарварии раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ба сифати харидор дар Бозори мол ва маҳсулоти Ӯзбекистон қарор доштанд.

Шаҳрдор ба ҳайси як харидор бо тоҷирони кишвари ҳамсоя аз наздик ҳамсуҳбат шудаву бобати шароити буду боши онҳо, нархи молу маҳсулот, ҳолати савдою хизматрасонӣ пурсон шуд.

Аммо, ҳузури бевоситаи шаҳрдор аз назари бозориён дур намонд ва мавсуф зимни суҳбати озодона бо мардум аз муаммову мушкилоти онон огаҳии комил пайдо намуд.

Саломзода Сиҷоуддин ҳамзамон бо даъвати масъулин ҷиҳати дар муҳлати камтарин ислоҳ намудани камбудиҳои бамиёномада дар назди вазифаҳои мушаххас гузошт.
Аз ҷумла роҳбарияти Гумруки шаҳр дастур гирифтанд, ки дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони худ аз шаҳри Конибодом ҷиҳати аз постгоҳи гумрукии Равот бе монеасозӣ гузаштану вориди шаҳри Исфара шудани тоҷирони ӯзбек мусоидат намоянд.

Субҳи рӯзи якшанбеи 15 апрели соли 2018 Бозори мол ва маҳсулоти Ӯзбекистон беш аз ҳар вақти дигар серодамтар, ҳам шумораи тоҷирон афзудаю ҳам теъдоди харидорон афзоиш ёфта буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *