МУАММОВУ МУШКИЛОТИ ДЕҲОТИЁНИ ИСФАРА КАМ НЕСТ

Муаммоҳои гуногуне, ки тайи даҳсолаҳо ба вуҷуд омадаву имрӯз низ пешорӯйи мардум мушкил эҷод мекунанд, дар раванди мулоқотҳои рӯбарӯи шаҳрдори Исфара бо сокинон рӯ мезананд.
Дастури Саломзода Сиҷоуддин ба масъулин ҷиҳати монеъ нагардидан ба иштироки шахсони ҳақгӯ, изҳори ақидаю афкори озоду ошкорои мардум ва фароҳамсохти имконият барои баёни арзу муроҷиатҳо ва дархосту пешниҳодоти шаҳрвандон мусоидат бар он намуда, ки сокинон пиромуни муҳимтарин мушкилоти иҷтимоии мавҷуда озодона изҳори назар кунанд.

— Ба муаммои сарбаста табдил ёфтани масъалаи бунёди мактаб дар маҳаллаи нави аҳолинишини Ҳазорчашмаи деҳоти Сурх;
— норасоии ҷойҳои таълимӣ дар мактаби миёнаи №29 ва зарурати бунёди бинои иловагии таълимӣ;
— куҳнаю фарсуда ва корношояму хатарзо гардидани симчӯбҳои интиқоли барқ дар маҳалли зисти сокинони деҳоти Сурх;
— дастгирии моддию маънавии маъюбон;
— нобаробарӣ дар мавриди тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва саҳми замин дар хоҷагиҳои кишоварзию деҳқонӣ, мавҷудияти мушкилот ҷиҳати гирифтани Сертификати истифодабарии замин;
— зарурати ҳалли ҳарчи зудтари муаммоҳои марзӣ дар деҳаи наздисарҳадии Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ;
— баррасии масъалаи таъмиру мустаҳкамгардонии ҷӯйбор (канал)-и фаромарзӣ, ки мавриди истифодаи тоҷикону қирғизҳо қарор дорад;
— мусоидат барои ба анҷом расонидани корҳои бунёдӣ дар варзишгоҳи деҳа ва зарурати сохтмони варзишгоҳи хурди муосир… — аз ҷумлаи мушкилоте буданд, ки сокинон ба зимни вохӯрию мулоқот бо шаҳрдори Исфара дар деҳоти Сурх ва Хоҷаи Аъло баён доштанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара ҳамзамон бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати дар доираи ваколату салоҳияти худ ва имконияти мавҷудаю дастрас баррасӣ ва бартараф намудани мушкилоти иҷтимоии мавҷуда аҳолиро ба ҳамдастию ҳамкории наздик бо мақомоти иҷроия, ба ширкати фаъолона дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонии маҳалли зист даъват намуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси таклифу дархост ва пешниҳодоти мардум нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳия гардида, масъалаю мушкилоти ҷойдошта бо истифода аз воситаю имконоти мавҷудаю дастрас, марҳила ба марҳила, ҳаллу фасл карда хоҳанд шуд.

Маркази матбуотии раиси шаҳр