Машав асло ҳамнишин бо бадон!

Бад кист? Зишт чист? Амалҳои нораво кадомҳоянд? Бад ё аниқтараш шахси бад, онест, ки дар рафторҳояш осебу хатар ва фасоду зиён  ба худ ва ба ҷомеа дида мешавад. Аз ҳузуру амалаш нооромӣ падид меояд. Мафҳуми зишт, нохуб ва норавост дар тамоми давру замонҳо ҳамчун амали ношоиста, носазо ва номатлуб дониста мешавад. Бадӣ чун фасоду зиён танҳо ва танҳо зиштиву нооромӣ падид меорад, зеро ин амал хоси ҳайвоноту дарандаҳо ва ҳашароти зараррасон аст, ки онҳоро табиат чунин офарида. Бадӣ аз ҷоҳилӣ сар мезанад. Ҳеҷ гоҳ инсони оқил бадие содир намекунад. Сарчашмаи бисёри бадиҳо муҳаббати мол аст. Оре, молу ҷоҳпарастӣ инсонро водор месозад, ки ба кори шар даст занад, аз ҷумла фиребу дурӯғ, хиёнату беиффатӣ, кинаҷӯиву тангназарӣ ва беномусӣ таҷаммулгароро ҳампою ҳамқадам мегардад. Инсоният чист? Он хоси хислатҳои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарй, некию накӯкорй, хирадмандиву фарҳехтагӣ ва саховатмандию хайрхоҳй аст. Замони пеш аз мелод, вақте гузаштагони мо, пайрави дини Зардуштия буданд, корҳои хайрро баргузидаву мухолифи амалҳои шар буданд ва шиоре бо номи «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» доштанд ва ҳама ҳадафу амалҳояшон танҳо дар радифи ин шиор равона шуда буд.  Имрӯз ҳам талабот ва меъёри ин гуфтор маънии худро гум накардааст.  Фикри хуб, сухани хуб ва амали хуб, нишони хубии инсон аст. Таълимоти дини мубини Ислом ҳам тарбияи инсони хуб, таблиғи амалҳои неку савоб, манфиатдору хайрхоҳона аст. Адабиёту фарҳанги ғании миллати мо низ ба он ишораи хоса дорад, ки мусулмони комил касеро хушдилу осуда гардонад.  Ягон дастоварди хубе, ба мисоли бунёди роҳу боғ, тарбияи фарзанди хуб, таълифоти асари пурарзиш ё ақалан гуфтору рафтори хубе аз худ боқӣ гузорад, то зинданом бошад.

Барои дараҷаи некномиро гирифтан, инсон аз хислатҳои ношоиста, чун бадрафторӣ, ҷоҳилӣ, хиёнаткорӣ, мардумозорӣ, фориғболӣ, бемасъулиятӣ, бадкаломӣ, иҷборкорӣ хешро бояд дур гирад. Зеро ин маҷмӯи рафторҳо инсонро ба ҳайвон табдил хоҳад дод.

  Дар замони муосир падидаҳои номатлубе байни ҷавонон пайдо шуда, чун шомилшавӣ ва гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ аст, ки сарчашмаи ҳамаи бадиҳост. Тавассути ин амалҳои ношоиста, зиёни зиёде ба оромии хонадони худу ҷомеа мерасонанд. Даҳшатафканиву ваҳшатгароиро байни издиҳом бунёд менамоянд.  Аз номи Ислом гуруҳҳои манфиатдору ғаразнок суханҳои беасос мегӯянду шаккокӣ  мекунанд. Мардумро, ба хусус  ҷавононро даъват ба амалҳои ҷанговаронаю хунхорона менамоянд, ки ин шаккокии маҳз аст.  Шаккокӣ чист? Ин  шак овардан ё бовар накардан аст. Дар ислом аксаран мафҳуми шаккокӣ бо мазмуни манфӣ ё зиддидинӣ — риоя накардан ба рукнҳои Ислом, шубҳа кардан, асосҳои эътиқоди диниро ба эътибор нагирифтан истифода шуда, шаккокиро нисбат ба Аллоҳ ва Ислом қатъиян мамнӯъ ва гуноҳи азим шуморида мешавад. Аз ин рӯ, дар Ислом шаккокӣ — дигаргунандешӣ сахт маҳкум карда мешавад, гарчанде агар ба таърихи фаҷри ислом паҳншавии он дар кишварҳои сершумори ҷаҳон назар афканем, зоҳир мегардад, ки аз рӯзи реҳлати паёмбари ислом Муҳаммад (с) алакай гуногунандешӣ , шубҳа кардан ба баъзе рукнҳои Ислом ва ҳадисҳо мушоҳида мешаванд. Баъди вафоти Паёмбар (с) халифаи мусалмонон интихоб шудани Абӯбакр (р) муноқишаи шадиди ҷонибдорони Алиро (р) ба вуҷуд оварда буд. Мухолифати байни хулафои араб давоми садаи аввали паҳншавии Ислом, натанҳо хусусияти авлодию ҳокимиятхоҳӣ, балки обу ранги   ғоявӣ ва шак овардан  ба баъзе нишондодҳои Исломро дошт. Ба сунниву шиа, хориҷиён  ва дигар равияву мазҳабҳо тақсим шудани аҳли Ислом танҳо дар натиҷаи дигарандешӣ, шубҳа кардан ба асолати баъзе талаботи дини ислом ба вуҷуд омадааст. Нисбат ба рукнҳои алоҳидаи динӣ шакку шубҳа — дигаргунандешӣ намудан давоми садсолаҳои тӯлонӣ вуҷуд дошт.

Таърихи тамаддуни инсоният шаҳодат медиҳад, ки дигаргунандешӣ дар шакли озодандешӣ, шаку шубҳа ба рукнҳои динӣ давоми баъзе давраҳои таърихӣ авҷ мегирад, баъзан таскин меёбад. Охири қарни  XX ва ибтидои асри XXI -ро дар Ислом давраи авҷгирифтани дигаргунандешии ифротгароёна бо дастгирии абарқудратҳои беруна  шуморидан мумкин аст. Ҳодисаҳои ҷанги бародаркӯш дар Тоҷикистон низ шаҳодат ба он дорад. ҲНИТ- ён, ки аз аввал мақсади ба сари ҳокимият омаданро доштанд, Исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, сафи  муътақидони хешро аз ҳисоби ҷавонони раҳгумзада, ки аз ғояҳои аслии Ислом ғофил буданд, ғанимат дониста, онҳоро ба амалҳои ифротӣ ҳидоят менамуданд. Бесару сомониҳо ва қатлу ғоратро дар саросари кишвар ба вуҷуд оварданд, ки  мардуми тоҷик амалҳои зишту террорҳо, ки аз ҷониби мухолифини сохтти конститутсионӣ он айём рух дода буд ва муҳорибаи ҳарбии моҳи сентябри соли 2015, ки бо сарварии генерал Назарзода  ва дастгирии ҲНИТ роҳандозӣ шуда буд, асло фаромӯш насохтааст ва маҳкум менамояд.

         Магар амалҳои хунхорона,тундгароиву ифротгароёна, ҷаҳолату бераҳмиҳои чунин ҳаракатҳо аз қабили «Ҳамос»,  «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», («Ихвон-ул-муслимин»), «Ҷомеаи исломӣ», «Ал-фаҷр»,»Ҳаракат-ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат-ул- иршод», «Ал-қоида», «Толибон», «Ҳизбуттаҳрир», «Ҳаракати Исломии Узбекистон» махсусан ба ном «давлати исломӣ» , ки зери парчами Ислом амал мекунанд, хиёнат ба Ислом нест? Магар онҳо дини мубини исломро бо рафтору кирдори ҷоҳилона олуда намекунанд? Барои ин тоифа оё ғояи пурқиммати ислом «Ягон мусулмон ҳақ надорад, ки нисбати дигарон, зулму ситам намояд» қадру қиммате надорад? Такфир, ки яке аз талаботи «исломи ҷанговар» буда, ба принсипи «ҳар касе, ки ба мо нест, зидди мост» асос ёфтааст, ҳар як фардеро, ки онҳоро дастгирӣ ё ҷонибдорӣ намекунад, кофир хонда шуда, нисбати ӯ ҷазоро то ба қатл расондан раво дониста мешавад. Чунин кирдор на танҳо ба пояи тамаддуни ҷаҳонӣ ва илм зарба мезанад, балки Исломи нобро доғдор менамояд. Бесабаб нест, ки фаъолияти чунин равияҳо дар аксари давлатҳои дунё манъ карда шуда, ҷонибдорони онҳо маҳкум карда мешаванд.»Қуръон» Исломи ноб аст. Ҳамаи бардоштҳо ва ақидаҳои уламо аз ин китоби муқаддас сарчашма мегирад. Ҷавононро зарур аст, ки ба даъвати ҳар гуна шахсони манфиатдору ҳадафманд эътимод насозанду худашон аз рукнҳои Ислом огоҳ бошанд. Ашхоси баду зишткор ва хиёнаткорро бишносанд, зеро гуфтаанд:«Хиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд», зеро зарари ба каси дигар расонидаи онҳо беҷавоб намемонад. Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор ҳамеша ба ҷазои Офаридгори бузург сазовор хоҳад буд.

 Ҳар кй ба мардум хиёнат мекунад,

 Нарасад ҳаргиз ӯ ба неьмату ноз.

Албатта, бадкарда рӯзе сазовори ҷазои бад ва накӯкорон ба қадри заҳмати беандозаашон сазовори ҳаёти хушу гуворо, фарзандони солиму поктинат ва обрӯю манзалати бузург хоҳанд гашт. Фарзандонамон ва насли наврасро бояд дастур диҳем, ки ҳамнишини бадон нагарданд, зеро рафиқи бад ба ҷисм не ба рӯҳ зарар мерасонад. Дур шудан аз бадӣ , аз некӣ кардан беҳтар аст. Мақсади мо, омӯзгорон он аст, ки ҷавононро ҳидоят намоем,то ҳамнишини бадон нашаванд, онҳоро бишносанд ва аз ҳузуру таъсироти манфиашон дур бошанд.

 

Ҷавҳарова Муҷибахон -устоди филиали ДТТ дар шаҳри Исфара.