БОЗ ЯК ТОЗАКОРӢ ДАР ИСФАРА:

Ҳудуди атрофи муҷассамаи зан, воқеъ дар даромадгоҳи шаҳр, азнавсозӣ ва обод мегардад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ҳамзамон бо даъвати роҳбарону масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрсозӣ ва хизматрасонӣ ба пояи ин муҷассамаи масъалаи азнавсозии ин ҳудудро ҷиддӣ ба миён гузошт.

Ҷоизи зикр аст, ки пайкараи мазкур ҳанӯз замони шӯравӣ бунёд гардида, даҳсолаҳост, ки гирду атрофи он руйи таъмиру тармимро надидааст.

— Ҳол он, ки ин иншоот бояд дар асл муаррифгари таъриху фарҳанги Исфараи бостонӣ ва ҳунару фазилати мардумонаш бошад, зеро таассуроти аввалини ҳар як меҳмони вориди шаҳргашта, бо дидани он ҳосил мегардад. Аз ин лиҳоз, ноободии гирду атрофи муҷассама ва номувофиқатии ҳудуди он ба талаботи меъморию фарҳанги шаҳрдорӣ айни замон зарурати азнавсозӣ ва ободонии ин даромадгоҳи шаҳрро ба миён овардааст, – изҳор дошт Саломзода Сиҷоуддин.

Ҳамин зайл, ҳамзамон баъд аз боздиди ҳудуд, бо дарназардошти фикру мулоҳиза, таклифу пешниҳоди масъулини сохторҳо ва имконоти мавҷуда тасмим гирифта шуд, ки атрофи пайкара пурра азнавсозӣ гардад.

Дар ин ҳудуд сохтмони иншооти пазиройии меҳмонон, ҷойи дамгирӣ ва мошинмонӣ, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди боғи ҳозиразамон, кабудизор ва гулзорнамоии қитъаҳои замини атрофи он мутобиқ ба талаботи меъмории миллию муосир мувофиқи мақсад дониста шуд.

Саломзода Сиҷоуддин ҳамзамон ба масъулин дастур дод, то масъалаи муҳимияти таърихию фархангии пайкараи мазкурро низ ҳамаҷиҳата баррасӣ намуда, вобаста ба нигаҳдошти минбаъдаи он ва ё ба мавзеъи дигар кӯчонидану ба ҷойи он бунёд намудани рамзи дигар таклиф пешниҳод намоянд.

Мутахассисони шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ вазифадор гардиданд, ки дар наздиктарин рӯзҳо ду-се лоиҳаи ангоравии иншоотро омода ва барои тасдиқ ба роҳбарияти шаҳр пешниҳод намоянд.

Маркази матбуотии раиси шаҳр