ШАҲРДОРИ ИСФАРА БА ТОЛИБИЛМИ НИҲОЛПАРВАР РАСМАН АРЗИ СИПОС НАМУД

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бегоҳирӯзии 25 марти соли равон ҳангоми гардиш ва боздиди хеш аз кӯчаи Колхозчии маркази шаҳр, ки яке аз кӯчаҳои аз ҷиҳати санитарию эпилемиологӣ нигаронкунанда маҳсуб меёбад, писарбачаеро дид, ки ду сатили пуроб дар даст ба қитъаи замини навободи назди партовгоҳи рӯбарӯи идораи омор воқеъбуда ворид шуда, ба бехи ниҳолакони навшинонидашуда об мерезад.

Лаҳзае чанд аз дур мутаваҷҷеҳи гирумони ин ҷавони навраси табиатдӯст шуд ва аз тозакории ӯ, ки пас аз ба бехи ниҳолҳо об рехтан бо ҳавсала гирду атрофи қитъаи заминро аз партовҳо тоза мекард, ба ваҷд омадаю фараҳмандиаш афзуд.
Шаҳрдор назди ҷавон рафтаву самимона ҳол пурсид. Чун донист, ки оилаи ӯ аслан дар маҳаллаи ҳамсоя ҳастанду 20 рӯз қабл якҷоя бо падараш барои савоб қитъаи заминро аз партовҳо тоза кардаю 30 бех ниҳоли дарахтони мевадеҳ шинониданд, инчунин парвариши гулу дарахтон шуғли дӯстдоштаю доимии ӯст, сидқан аҳсанаш хонд.

Бегоҳирӯзии 26 март низ он ҷавонро дар он қитъаи замин машғули кор дид ва ба ронанда супориш дод, ки шахсияти ӯро муайян намояд.

Субҳи 27 марти соли 2018 ба ҷамъомади пагоҳирӯзии умумимактабии хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳр муовини аввали раиси шаҳри Исфара Содирхон Қосимӣ ҳозир шудаву толибилми синфи 9-и мактаб Одилов Ҳайдархӯҷаро ғайричашмдошташ ба минбар даъват намуд. Бо зикри амалҳои неки ободкорона, саҳми назаррасаш дар маъракаи тозагию кабудизоркунй ва ниҳолшинонӣ Сипосномаи Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддинро ба Одилов Ҳайдархӯҷа тақдим кард. Амали ӯро барои ҳамсолонаш шоистаи таҳсин ва ибрату пайравӣ арзёбӣ намуд.

740 нафар хонандагони аз таваҷҷуҳу қадршиносии шаҳрдор батаҳайюрафтодаи дигар ба ифтихори ҳамсабақи хеш сидқан кафкӯбӣ доштанд.

Маркази матбуотии раиси шаҳр