ИСФАРА: МАРКАЗИ ТИҶОРАТИИ «ТОҶИ ЗАРРИН» ДАРҲОИ ХУДРО БА РӮИ МАРДУМ БОЗ КАРД.

26 марти соли равон, дар идомаи тадбирҳои ҷашнии Наврӯзи оламафрӯз дар шафати бозори марказии шаҳри Исфара боз як иншооти тозабунёд – Маркази тиҷоратии «Тоҷи заррин» ба истифода дода шуд.

Тавре дар раванди маросими ифтитоҳбахшии иншоот зикр гардид, маркази мазкур аз таҳхонаҳои барҳаво ва се ошёнаи мувофиқ ба талаботи сохтмонию меъмории муосир сохташуда иборат аст. 
Мавриди истифода қарор додани он барои то андозае саҳл гардидани мушкилоти норасоии ҷой ва ба тартиб овардани бозори марказӣ, инчунин равуои озодонаи харидорон мусоидат хоҳад кард, зеро аз растаи нонфурӯшон то фурӯшгоҳҳои сарироҳии молу матову сару либос дар ин бино ҷойгир карда шуданд.
Иншооти мазкур бо саъю эҳтимоми соҳибкорон, бародарон Каримхоҷаевҳо, аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ сохта шудааст.