БОЗОРИ ДОИМОАМАЛКУНАНДАИ ФУРӮШИ МОЛ ВА МАҲСУЛОТИ ИСТЕҲСОЛИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ШАҲРИ ИСФАРА

Санаи 26 марти соли 2018 дар маркази шаҳри Исфара Бозори фурӯши мол ва маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбекистон расман ба фаъолият шурӯъ кард.

Ҷойизи зикр аст, ки иқдоми мазкур дар асоси қарори ҷаласаи машваратии назди иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин, ба хотири таъмини фаровонии бозори дохилӣ, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба соҳибкорону тоҷирони кишвари ҳамсоя, ки бо маҳсулоти босифату нисбатан арзон вориди шаҳр мегарданд, рӯйи кор омадааст.

Бозори фурӯши мол ва маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбекистон доимоамалкунанда буда, дар қитъаи алоҳидаи бозори «Навбаҳор», воқеъ дар гардишгоҳи маҳаллаи «Баҳор»-и маркази шаҳр таъсис дода шудааст.

Шаҳрдори Исфара зимни боздиди хеш ва ҳамзамон бо суҳбату мулоқот бо тоҷирони кишвари ҳамсоя ба масъулини сохторҳои марбута ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ободонии бозор ва беҳдошти фаъолияти иншоотҳои хизматрасонӣ, инчунин ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва будубоши бемамонияти соҳибкорону тоҷирони кишвари ҳамсоя дастурҳои мушаххас дод.

Тавре зимни боздиду мулоқот бо тоҷирону харидорони маҳаллӣ аён гардид, аз фароҳамсохти чунин як шароити созгор натанҳо сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳади ҷумҳурии ҳамсоя, ки ба бозори Исфара молу маҳсулот ворид намудаанд, балки сокинони шаҳр низ хурсанду ризоманд ҳастанд.

Маркази матбуотии раиси шаҳр