ҚАДРШИНОСИИ АҲЛИ МАТБУОТ ДАР ИСФАРА

Роҳбарияти шаҳри Исфара бо баргузорсозии як маҳфили ҷашнӣ кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаро нек қадршиносӣ намуд.
Муборакбодии самимонаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара, Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломзода Сиҷоуддин ба ифтихори санаи муҳими таърихиву фарҳангӣ, 106 – умин солгарди рӯзи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои Шариф» ва ҳам иди касбии рӯзноманигорон аз ҷониби муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ ба аҳли қалам ва ҳам ба кулли алоқамандони матбуот баён гардид.
Мавсуф ҳамзамон бо зикри нақшу мақоми воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа, инчунин дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Рӯзи матбуоти тоҷик, ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ» ва Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро нишони таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷойгоҳи воситаҳои ахбори омма ва гувоҳи болоравии эътибори аҳли матбуот арзёбӣ намуд.
Тавре зикр гардид, агар то соли 1991 дар шаҳри мо танҳо як рӯзномаи шаҳрӣ бо номи –«Насими Исфара», ки дар гузашта «Коммунисти Исфара» унвон дошт, ба табъ расад, алҳол маҷаллаи адабию фарҳангии “Ганҷи Исфара”, нашрияҳои хусусиву идоравии «Имрӯз», «Хазинаи маърифат», “Навиди Донишгоҳ”, инчунин «Телевизиони Исфара», Муассисаи ғайридавлатии «Радиои Исфара», намояндагии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» фаъолияти босамари эҷодӣ доранд. Ҳар яке аз онҳо дар доираи имконоти эҷодӣ ва техникии худ фазои иттилоотиро пур карда, дар самти инъикоси ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳр кор мебаранд.
Содирхон Қосимӣ зимни муборакбодии хеш ҳамзамон бо зикри ба синни 80-солагӣ расидани рӯзноманигор ва ходими намоёни ҷамъиятӣ, Коркуни хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқим Абдураҳмонов ва ҳам ҷашни анқариб нимасраи эҷодии рӯзноманигор ва нависанда, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Насими Исфара Мавлониддин Пӯлодов ба соҳибҷашнон туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳри Исфара ва ҳам Ифтихорномаҳои Шӯъбаи вилояти Суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро тақдим намуд.
Ҳамчунон 20 тан аз кормандони васоити ахбори умум ва собиқадорони соҳа бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ дидорбинию аёдати собиқадорони соҳа, аз ҷумла собиқ муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Насими Исфара” Абдуҳамид Ваҳҳобови 86-сола аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроия ва Шӯрои шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сурат гирифт.

Маркази матбуотии раиси шаҳр