Саломзода Сиҷоуддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара: МЕХОҲЕМ, КИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАИ ШАҲР ВОҚЕЪБИНУ ВОҚЕЪНИГОР ВА МИНБАРИ ТАҲЛИЛУ БАРРАСИИ ФАРОГИРИ МУШКИЛОТИ РӮЗ БОШАНД.

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуот.
Сароғоз, бо арзи сипосу эҳтиром фарорасии санаи муҳими таърихиву фарҳангӣ, 106 – умин солгарди рӯзи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои Шариф» ва иди касбиатонро ба якояки шумо самимона муборакбод мегӯем.
Мусаллам аст, ки нақши воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа хеле бузург буда, дар замони имрӯз воқеан ҳам ба як ҷузъи таркибии рӯзгори мо табдил ёфтааст.
Дар робита ба нақшу мавқеи матбуот муҳтарам Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, ки: -«Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад».
Мавриди зикр аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ матбуоти тоҷик ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат ҳамчун нерӯи пешбаранда ташаккулу такомул ёфт, эътибору нуфузи он дар ҷомеаи навини мо баланд гардид ва имрӯз ба нафъи давлату миллат хизмати шоиста мекунад.
Тавре ёд доред, бори нахуст, бо ибтикори Сарвари давлатамон соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик дар сатҳи давлатӣ, чун нишони эҳтирому арҷгузории хоса ба мақому манзалати бузурги аҳли қалам ботантана таҷлил шуда буд, ки имрӯз низ мо аз ин иқдоми наҷиб пайгирӣ дорем.
Ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ» ва Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» худ нишони таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷойгоҳи воситаҳои ахбори омма ва гувоҳи болоравии эътибори аҳли матбуот аст.
Дар мисоли шаҳри Исфара метавон гуфт, ки агар то соли 1991 дар шаҳри мо танҳо як рӯзномаи шаҳрӣ бо номи –«Насими Исфара», ки дар гузашта «Коммунисти Исфара» унвон дошт, ба табъ расад, алҳол маҷаллаи адабию фарҳангии “Ганҷи Исфара”, нашрияҳои хусусиву идоравии «Имрӯз», «Хазинаи маърифат», “Навиди Донишгоҳ”, инчунин «Телевизиони Исфара», Муассисаи ғайридавлатии «Радиои Исфара», намояндагии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» фаъолияти босамари эҷодӣ доранд.
Ҳар яке аз ин расонаҳо дар доираи имконоти эҷодӣ ва техникии худ фазои иттилоотиро пур карда, дар самти инъикоси ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳр кор мебаранд.
Аз ҷумла, саҳми нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр — «Насими Исфара» ҳамчун оинаи ҳақиқии рӯзгори сокинон дар пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанг, ташаккулёбии афкори ҷомеа ва тарбияи маънавии шаҳрвандон басо калон аст.
Боиси қаноатмандии мост, ки имрӯз дар шаҳри Исфара гурӯҳи калони эҷодкорони дорои маҳорати баланди касбӣ, ҷаҳонбинии васеъ, қалами бурро, андешаи мустақил ва услубу назари хоси худ машғули фаъолият ҳастанд ва анъанаҳои неку шоистаи рӯзноманигорони наслҳои гузаштаро муваффақона идома медиҳанд.
Муҳтарам аҳли қалам.
Чун рисолати шумо журналистон аслан қавӣ гардондани рӯҳи созандаи ҷомеа ва давлат аст, бояд ки имрӯз ҳар яки шумо дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, ҳамзамон бо иҷрои комили рисолати касбии худ баҳри амалигашти ҳадафҳои неку ояндасози пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукумат саҳмгузор бошед, манфиати халқ ва миллату давлатамонро ҳифзу ҳимоя бикунед.
Ҳамчунон, рисолати касбии шумо инъикоси воқеият ва интишори иттилооти аниқу дақиқ ва саҳеҳро тақозо дорад ва мо низ мехоҳем, ки воситаҳои ахбори оммаи шаҳр воқеъбину воқеънигор, минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз бошанд. Вале бояд гуфт, ки таҳия ва нашру пахши маводҳои таҳлиливу танқидӣ на дар асоси фармоиш ё ғарази муайян, балки танҳо дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод бояд сурат бигирад.
Итминони комил дорем, ки ҳар яки шумо минбаъд низ бо дарки масъулияти баланд, бо риояи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ахбороту матлабҳои худро бо истифода аз манбаъ ва маъхазҳои боэътимод таҳия карда, ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳрро воқеъбинона ба қалам медиҳед.
Муҳтарам алоқамандони матбуот.
Боварии комил дорем, ки ҳар яки шумо минбаъд низ бо истифода аз нерӯи бузургу муассири сухан эътимоди мардумро ба фардои нек мустаҳкам месозед, аҳли ҷомеаро ба дӯст доштани ватан, эҳтиром нисбати арзишмандиҳои умумимиллию умумидавлатӣ ва созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамоед.
Бо чунин умеду орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо ва дар симоятон собиқадорони соҳаи матбуотро бо иди касбиатон ва ҳам бо ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, ки дар арафаи он қарор дорем, самимона табрик мегӯем.
Бароятон сиҳатмандӣ, бахту саодат, файзу баракати рӯзгор, илҳоми саршор ва комёбиҳои тоза ва дастовардҳои шоистаи эҷодӣ эҷодӣ орзу дорем.

Рӯзи матбуоти тоҷик бароятон мубораку хуҷастапай бошад, дӯстони азиз!