БУНЁДИ ХАТИ ОБИ ХУДҶОРИИ СУРХ — МОҲПАРӢ РОҲИ ЯГОНАИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ НОРАСОИИ ОБ АСТ..!

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин якҷоя бо собиқ шаҳрдорони Исфара, ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ Мирзошариф Исломиддинов, Холисҷон Темурҷонов, собиқадори соҳаи мелиоратсия Абдусамад Шомирсаидов ва дигар пирони кор аз мавзеъҳои навбунёд ва азхудшавандаи шаҳр дидан намуда, зимнан вазъи омодагии иншоотҳои обрасониро ба мавсими нави обёрӣ мавриди омӯзишу санҷиш қарор дод.

Зимни боздид вазъи омодагии пойгоҳҳҳои обкашонӣ аз иншоотҳои соҳавӣ чун Пойгоҳи обкашии “Моҳпарӣ – 1”, ки дорои 3 агрегат буда, барои обёрии 1000 гектар замин пешбинӣ шудааст, винчунин ҳолати силсилапойгоҳи обкашии “Моҳпарӣ – 2” мусбӣ арзёбӣ гардид.

Ҷойизи зикр аст, ки силсилапойгоҳи обкашии “Моҳпарӣ – 2” асосан барои таъмини хоҷагиҳои деҳқонии мавзеъи Сомониён ва маҳаллҳои нави аҳолинишини бунёдшаванда бо оби полезӣ истифода мегардад.

Тавре аён гардид, 11 пойгоҳҳои обкашии дар мувозинаи ба Идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Исфара қарордошта, инчунин каналу иншоотҳои дигар соҳавӣ пурра таъмир ва барои истифодабарӣ омода карда шудаанд.

Айни замон тоза кардани каналу ҷӯйборҳои дохилихоҷагӣ идома дошта, шаҳрдори Исфара ҷиҳати то ҷашни Наврӯз пурра ба наҷои расонидани корҳо дар ин самт ба масъулин дастур дод.

Пирони кор ва мутахассисони собиқадори соҳаи мелиоратсия зимни боздиду мулоқот ба Саломзода Сиҷоуддин бо пешоварди далелҳои мушаххас зарурият ва афзалиятнокии бунёди хати оби худҷории “Сурх-Моҳпариро роҳи ягонаи ҳалли мушкилот ҷиҳати таъминоти хоҷагиҳои боғдории дар маҳалҳои болозикр таъсисдодашуда ва ҳам аҳолии ба маҳаллаҳои нав маскуншавада шарҳу тавзеҳ доданд.
Тазаккур бояд дод, ки тибқи лоиҳа дарозои хати обрасонии мазкур 14 километрро ташкил медиҳад, ки ҳанӯз солиёни қаблӣ 1,5 километри он бунёд гардидааст.

Дар ҳолати бунёд кардану ба истифода додани хати обрасонии мазкур проблемаи без аз 5000 оила ҷиҳати дастрасии доимӣ ба оби полезӣ ҳалли худро ёфта, ҳамзамон имкони азхудкунӣ ва обёрии боз 3000 гектар