Исфара, 7 марти соли 2018

Кохи фарҳанги маркази шаҳр ба ҳайси идгоҳи асосӣ – макони баргузории тантанаҳои идонаи умумишаҳрӣ ба ифтихори Рӯзи Модар қарор дошт.

Ширкатдорони тантана аз тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки фарогири маҳсули дасти даҳҳо ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Исфара баёнгари соҳибзавқӣ, лаёқату истеъдод, маҳорати волои ҳунармандони Исфарамарз буд, буд, таассуроти неку бебозгашт бо худ доштанд.

Табрикоту муборакбодиҳои самимонаю пурмуҳтавои роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Исфара, қадршиносии наздик 40 нафар бонувони фаъол, пешқадамони соҳаҳои гуногун бо Сипосномаю мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, барномаи ҷолиби фарҳангӣ воқеан ҳам хушоянди умум ва хотирмон буданд.