БА ТАВАҶҶУҲИ БОНУВОНИ ИСФАРА!

Тантанаҳои идонаи умумишаҳрӣ ба ифтихори Рӯзи Модар дар маркази шаҳр идома меёбанд.
Ба ифтихори ин ҷашни муқаддас, маҳз барои шумо хоҳарону модарони гиромиқадр ва бонувони арҷманд, тибқи дастуроти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин санаи 8 марти соли 2018, соати 10-00 дар майдони назди муҷассамаи Парчам, ки дар гардиши маҳаллаи «Бинокор” воқест, консерти калони идона баргузор мегардад.
Аз созу навои рангин ва суруду таронаҳои навини устодони санъат ва хунёгарони маъруфи Исфара лутфан баҳраманд бошед.

Болидагии хотир, шодмонию фараҳмандӣ ва осоиши хонадони шумо орзую таманнои ҳамешагии мост!