Модар сарчашмаи ҳаёт

Ба ифтихори “Рӯзи модар” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара маҳфили адабӣ-фарҳангии “Модар сарчашмаи ҳаёт” бо иштироки ҳофизи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил Файзиддинов, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандар Файзиддинов барои занони фаъоли ҳизбии  шаҳру деҳот доир намуд.

Дар раванди маҳфил бо баробари садо додани шеъру таронаҳо дар васфи Модар-Ватан ва соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ инчунин зикр шуд, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини баробарҳуқуқии занон, иштироки онҳо дар корҳои давлатдорӣ, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумла занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди заруриро қабул намуд ва онҳо амалӣ шуда истодаанд.

Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият-мақоми олии қонунгузору мақомоти судиву иҷроия торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодааст.

Дар соҳафи маориф 1997 нафар, дар соҳаи тандурустӣ 2377 нафар занон фаъолият доранд. Теъдоди аъзои ҲХДТ аз ҳисоби занон ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад. Алҳол аз сенздаҳ ҳазор аъзои ҳизб 7166 нафар ва зиёда аз 55 %- ро занон ташкил медиҳанд. Беш аз ҳафт ҳазор нафар занон дар соҳаи кишоварзӣ ва 2500 нафар дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ  фаъолият менамоянд. Бояд қайд намуд, ки 1173 нафар духтарони Исфара дар донишгоҳҳои олӣ ва колеҷу омӯзишгоҳҳо таҳсил доранд.

Қабули фармони махсуси Президенти мамлакат “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” имконият фароҳам овард, ки ба мақоми зан боз ҳам бештар эътибор дода шавад.

Боиси ифтихор аст, ки нақши зан дар бунёди давлати миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, пос доштани анъанаҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии ҷавонон барҷаста мебошад.

Аз ин рӯ модарони имрӯза фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани худро эҷод мекунанд. Бо тақозои замон модарони соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васе дар тарбияву парсаторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандонашон  корҳои шоёнро ба ҷо меоранд.

Маҳфили адабӣ хотири бонувонро хеле болида гардонид.