Исфара, 7 марти соли 2018 НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ – ОҒОЗБАХШИ ТАДБИРҲОИ ИДОНАИ РӮЗИ МОДАР

Исфараи бостонӣ, ки таърихи зиёда аз 3000 сола дорад, метавон гуфт дар асл зодгоҳи мардуми ҳунарманд аст. Ҳунарҳои оинасозӣ, дуредгариву кандакории рӯйи чӯб, наҷҷориву наққошӣ, гаҷкориву заргарӣ, қолинбофию зардӯзӣ, кордсозиву оҳангариву кулолгарӣ… дар Исфара аз ҷумлаи ҳунарҳои зебои аҷдодӣ мебошанд, ки садсолаҳо таърих дошта, аз насл ба насл мегузаранд.

Ҳунармандони 12 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр дар Қасри фарҳанг маҳсули дастони худро манзури ширкатдорони тантанаи ҷашнӣ намуданд.

Тавре аз омӯзишу таҳлилҳо бармеояд, дар Исфарамарз то ҳанӯз беш аз 50 намуди ҳунарҳои мардумӣ побарҷоянд.

Боиси қаноатмандӣ ва ифтихори мост, ки ҳунармандони мумтози имрӯзаи Исфара анъанаҳои пешаи аҷдодиро нек идома медиҳанд. Ҷавонон бо ҳавас аз устодон сирри ҳунарҳои зебо, сирри дасти шахси ободгарро меомӯзанд.